Натиҷаи аттестатсия дар мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонк: шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, аз вазифа озод шуданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни гузаронидани аттестатсияи кормандони сохторҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» бештар ба сатҳи дониши касбию соҳавӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, донистани забонҳои хориҷӣ ва кор бо компютер афзалият дода шуд. Тибқи натиҷаи аттестатсия дар сохторҳои номбаршуда шахсони тасодуфӣ, ғайрикасбӣ ва нафароне, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, аз вазифа озод ва баъзеашон ба вазифаҳои паст гузаронида шуданд.
Ин нуктаро Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашуриён имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон зикр намуд.
Мавсуф афзуд, ки аттестатсияи кормандони сохторҳои зикршуда дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 марти соли 2019 то 7 декабри соли 2020 гузаронида шуда, дар натиҷа 7523 нафар кормандони сохторҳои мазкур аз аттестатсия гузаштанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






