Нусратулло Салимзода: Дар ноҳияи Сино нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 99,3 фоиз иҷро шудааст

Февраль 16, 2021 15:32

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида давоми се сол дар ноҳия 1674 адад чорабинӣ ба нақша гирифта шуда, иҷрои он то инҷониб 1443 ададро ташкил медиҳад, ки 86,2 фоизи нақшаи сесоларо дар бар мегирад. Аз нақшаи соли 2020, ки 773 адад чорабиниро ташкил медиҳад, 768 адади он амалӣ гардид, ки ба 99,3 фоизи нақша баробар мебошад. Корҳо дар ин самт идома доранд ва кӯшиш карда истодаем,  ки бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти шаҳр ин нақшаро иҷро намоем. Дар ин бора имрӯз Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нусратулло Салимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Мавсуф гуфт, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар ноҳия пайвастшавии 186 бинову иншооти  иловагӣ, дар маҷмӯъ 1269 адад ба энергияи гармӣ ба нақша гирифта шуда буд. Дар ин давра дар ноҳия 1295 адад бинову иншоот бо энергияи гармӣ таъмин карда шуданд.

То ин муддат дар ҳудуди ноҳия 52 146 бех ниҳолҳои ҳархела шинонида шуданд. Аз шумораи умумии ниҳолҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия 7500 бех ниҳолҳои ҳархела шинонида шуд, ки аз ин дарахтони сояафкан 1270 бех, дарахтони ороишӣ 6170 бех ва буттагӣ 60 бех мебошанд.

Дар баробари ин дар доираи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакат, дар маҷмӯъ дар ҳудуди ноҳия дар мавсими нав зиёда аз 29,8 ҳазор бех дарахтони гуногун шинонида шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.  Инчунин дар ин давра 1,7 миллион дона гулҳои мавсимӣ, бисёрсола ва лола шинонида шуданд.

Февраль 16, 2021 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад