Пагоҳ дар шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» оғоз мешавад

Февраль 17, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» оғоз мешавад, ки дар он шаш варзишгари маъруфи тоҷик — Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ширкат меварзанд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур иштироки 437 нафар варзишгар (254 мард, 183 зан) аз 63 давлат дар назар аст.

Чун анъана дар рӯзи аввал – 18 феврал қувваозмоиҳои вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон сурат мегиранд. Дар рӯзи дуюм паҳлавонони вазнашон -73кг, -81кг миёни мардон, -63кг, -70кг миёни бонувон рақобат мекунанд. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78 миёни бонувон анҷом меёбад.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи  «Tel Aviv Grand Slam» дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим карда мешавад. Барои ғолибон 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ дар назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин варзишгарон вобаста ба мавқеашон соҳиби холҳо мегарданд, ки аз рӯи он раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ шакл мегирад. Аз ҷумла, варзишгароне, ки ҷои аввалро мегиранд, 1000 хол, ҷои дуюм – 700 ва ҷои сеюм 500 хол ба даст меоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар намуди дзюдо варзишгарон танҳо аз рӯи раддабандии олимпӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд. То анҷоми марҳилаи интихобӣ – 28 июни соли 2021 22 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.

Ин дуюмин мусобиқа аз силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар соли 2021 мебошад. Моҳи январ дар Давҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои дзюдо баргузор гардид, ки дар он аз кишвари мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов иштирок намуданд. Натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа Темур Раҳимов нишон дод – ӯ дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол кард.

Варзишгарони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» аз 18 то 20  феврал  баргузор мешавад.

Февраль 17, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд