Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода: «ММД соли гузашта ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод»
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ«Ховар»/. Рушди иқтисодиёти Тоҷикистон соли 2020 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муътадил арзёбӣ гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода 10 феврал дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки “Бонки миллии Тоҷикистон соли 2020 сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро ба нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо бо назардошти раванди ҳадафгирии таваррум, танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии /ММД/ кишвар соли гузашта ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод. Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 фоиз ва кишоварзӣ 8,8 фоиз таъмин гардидааст”.
Ҳоким Холиқзода зикр кард, ки сатҳи таваррум соли сипаригардида 9,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, нишондиҳандаи мазкур асосан аз афзоиши сатҳи нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ 13,0 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 5,8 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 4,0 фоиз ба амал омад.
Гуфта шуд, ки дар сохтори маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин давра бештар тағйирёбии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, ки асосан маҳсулоти воридотӣ ва мавсимӣ мебошанд, аз қабили орди навъи якум 16,4 фоиз, шакар 40,8 фоиз, равғани пахта 50,7 фоиз, равғани офтобпараст 42,6 фоиз, гӯшти гов 6,2 фоиз, тухм 18,9 фоиз, картошка 19,8 фоиз ва сабзӣ 12,8 фоиз ба қайд гирифта шуд.
Афзоиши нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар натиҷаи таъсири омилҳои берунӣ вобаста ба авҷ гирифтани пандемияи COVID-19 ва дар ин замина маҳдуд шудани ҳамлу нақл тавассути сарҳади давлатҳои шарикони савдо ба вуқӯъ пайваст.








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад






