Шаш паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2021 иштирок мекунанд

Февраль 12, 2021 09:47

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18-20 феврали соли 2021 дар  шаҳри Тел-Авиви Исроил мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2021 баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони 69 давлати сайёра  иштирок  хоҳанд  кард. Дар ин бора  аз  Федератсияи  дзюдои  Тоҷикистон ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар доданд.

Дар мусобиқаи  мазкур  зиёда аз  462  нафар варзишгарон    аз 69 кишвари ҷаҳон иштирок  мекунанд. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 паҳлавони шинохта- Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни — 73кг, Акмал Муродов дар вазни — 81кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни  — 90кг ва Темур Раҳимов  бо  Шакармамад Мирмамадов  дар вазни беш аз +100кг намояндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар Исроил нахустин маротиба мусобиқаи Grand Slam доир карда мешавад.

Февраль 12, 2021 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад