Сироҷиддин Икромӣ: «Амонатбонк» соли гузашта ба муштариён 1,3 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намуд

Февраль 9, 2021 13:05

ДУШАНБЕ, 09.02.2021/АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соли гузашта ба зиёда аз 50 ҳазору 498 нафар муштариён дар ҳаҷми  1,3 миллиард сомонӣ   маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба  соли 2019 мутаносибан 27,4 фоиз ва  52,5 фоиз зиёд мебошад.

Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ 9 феврал дар Душанбе дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти «Амонатбонк» дар соли сипаригардида ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки бо мақсади саҳмгузорӣ  дар самти татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –таъмини  амнияти озуқаворӣ иқдоми пешниҳоди  қарзҳои имтиёзнок таҳти унвони  «Кишоварз»-ро роҳандозӣ намуд. Дар доираи ин иқдом  мизоҷон, хусусан кишоварзони мамлакат  бо шартҳои  имтиёзноки аз се ҳазор то панҷсад ҳазор сомонӣ  ва ё мутаносибан  бо асъори хориҷӣ  ба муҳлати аз 6 то 36 моҳ  таҳти 18 фоизи  солона бо пули миллӣ  ва бо асъори хориҷӣ  таҳти 10 фоизи солона маблағҳои қарзӣ дастрас намуданд.

Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ки бо мақсади  саҳмгузорӣ  дар татбиқи босуботи  санадҳои барномавии  давлатӣ дар самти  дастгирии  иҷтимоии шаҳрвандон «Амонатбонк» иқдоми пешниҳоди қарзҳои  имтиёзнокро  таҳти унвони  «Таҳсил-2020» таҳти 18 фоизи солона  роҳандозӣ  намуд. Иқдоми «Таҳсил-2020» барои харидории сарулибоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва пардохти маблағи  шартномаи таҳсил  пешбинӣ шуда буд, ки давоми моҳҳои август-сентябри соли гузашта татбиқ гардид.

Февраль 9, 2021 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд