Соҳибкорони Рашт ба 8 оилаи эҳтиёҷманд манзилҳои зисти дорои тамоми шароит бунёд намуданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва шахсони саховатпеша ба 3911 оилаи камбизоату эҳтиёҷманд, шахсони маъюб, яккаву танҳо ва дигар ниёзмандон барои анҷом додани корҳои ободонии манзили зисташон аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ ва шахсони саховатпеша ба маблағи 2597,5 ҳазор сомонӣ (аз 500 то 1000 сомонӣ ба ҳар оила) ёрӣ расонда шуд. Ба 8 оилаи эҳтиёҷманд манзилҳои зисти дорои тамоми шароитҳои замонавӣ сохтанд.
Сокини ноҳияи Рашт Моҳрухсор Бедимоғова аз ҷумлаи он нафаронест, ки бо манзили зисти замонавӣ таъмин гардид. Номбурда изҳор намуд, ки: «ман як духтари 13 — солаи маъюб дорам, ки ба нигоҳубини ҳамешагӣ эҳтиёҷ дорад. Аз сабаби надоштани шароити зиндагӣ дар кӯҳистон ба мушкилии зиёд гирифтор будем. Хушбахтона, аз ҳисоби маблағгузории соҳибкори саховатпеша Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандонаш дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои духтари маъюби ман хонаи замонавӣ сохта, дар арафаи Рӯзи Президенти хирадманди мамлакатамон ба мо ҳадя намуданд. Ин туҳфаро мо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қабул намудем”.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, соҳибкорон ва аҳолии банангу номуси ноҳия баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас мегузоранд. Аз ҷумла, давоми солҳои 2018-2019 аз ҷониби онҳо 71 километр роҳҳои мошингарди ноҳия асфалтпӯш шуд. Инчунин, тӯли солҳои 2019-2020 аз ҷониби соҳибкорон ва саҳмгузории бахши хусусӣ 9 бинои нави таълимӣ, 12 синфхонаи иловагӣ, 2 беморхонаи хусусӣ, 4 бунгоҳи тиббӣ, 4 китобхона, 4 толор ва 12 майдончаи варзишии замонавӣ, 14 чоҳи амудӣ ва 8 хати оби нӯшоӣ, 12 лоиҳаи чароғонкунии кӯчаҳо ва кашидани хати барқ, 4 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва 21 маркази савдову хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳия гардида, тибқи он бунёди 274 иншоот пешбинӣ шуда буд. Ба нақшаи мазкур боз 60 иншоот илова гардид, ки то ҷашни фархунда пурра ба истифода дода мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад».









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд






