Сокинони деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд

Февраль 19, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шахсони саховатпеша  сокинони деҳаи Офтоблиқои ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд.  Дар  деҳаи мазкур  як насоси обтаъминкунӣ васл гардида,  22 нуқтаи оби ошомиданӣ кашонида шуд.

Тавре аз Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сокинони деҳаҳои Зиракӣ ва Офтоблиқо аз ин иқдоми шоистаи шахсони эҳсонкор хушнуд гардида, ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.

«Обу ободонӣ мегӯянд, ки дар ҳақиқат дуруст аст.  Бо оби ошомиданӣ таъмин гардидани сокинони деҳа орзуи чандинсолаи  аҳолии ин маҳал  буд. Акнун ин мушкили мо осон гардид ва он барои баланд гардидани сатҳи зиндагиамон мусоидат менамояд»,- изҳор доштанд сокинони ин деҳа.

Сокинони деҳаи  мазкур ҳамчунин зикр намуданд, ки  баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ онҳо низ камари ҳиммат баста, ба корҳои ободонию созандагӣ машғуланд.

Тавре   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид карданд «Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад».

Февраль 19, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд