Сомон ба даври сеюм роҳ ёфт, вале Беҳрӯз ва Акмал аз идомаи мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam-2021 маҳрум шуданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш се паҳлавони маъруфи тоҷик — Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни -73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam – 2021 бо ҳарифҳояшон рақобат карданд. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар вазни -73 Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур намояндагӣ мекунад, бо ҳарифаш аз Полша Стодолски Адам рақобат карда, ӯро бо бартарии «Иппон» мағлуб намуд ва ба даври сеюм роҳ ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Варзишгари тоҷик Акмал Муродов, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam – 2021 дар вазни -81 кг намояндагӣ мекунад, бо ҳарифи пуркувваташ вориди майдон гардид. Дар даври аввали ин чорабинӣ варзишгари мо аз намояндаи Германия- Александр Вечерзак бо усули «Иппон» мағлуб шуда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд. Александр Вечерзак 29 сол дошта, дар рейтинги IJF дар вазни -81кг бо касби 1831 хол дар зинаи 33-юм қарор дорад. Акмал Муродов бо доштани 842 имтиёз дар ҷои 55-ум мавқеъ касб намудааст.
Пас аз бохти Акмал Муродов паҳлавонони дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг дар нахустин рақобати хеш бо намояндаи ӯзбекистонӣ – Ҷалолиддин Бойназаров, ки дар рейтингӣ IJF умуман вуҷуд надорад, рақобат кард. Дар ин майдондорӣ Беҳрӯзи Хоҷазода аз Ҷалолиддин Бойназарови бетаҷриба мағлуб шуда, аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуд.
Тавре АМИТ “Ховар” қаблан иттилоъ дода буд, дар мусобиқаи мазкур шаш варзишгари маъруфи тоҷик — Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) иштирок доранд.
Мусобиқаи мазкур 18 феврал оғоз шуда, дар рӯзи якуми он рақобатҳо миёни бонувон дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг ва миёни мардон дар ду вазн -60кг ва 66-кг сурат гирифтанд.
Дар мусобиқаи мазкур иштироки 437 нафар варзишгар (254 мард, 183 зан) аз 63 давлат дар назар аст.
Хотиррасон мешавем, ки дар рӯзи охири мусобиқа Комроншоҳ Устопириён (-90кг) бо Юто Виллар-Галаррето (Перу), Темур Раҳимов бо Ерасл Кажибаев (Қазоқистон) ва Шакармамад Мирмамадов бо Наор Итах (Исроил) байни ҳам рақобат мекунанд
Имрӯз- дар рӯзи дуюм паҳлавонони вазнашон -73кг, -81кг миёни мардон, -63кг, -70кг миёни бонувон рақобат мекунанд. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78 миёни бонувон анҷом меёбад.
Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи «Tel Aviv Grand Slam» дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим карда мешавад. Барои ғолибон 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ дар назар гирифта шудааст.
Ҳамчунин варзишгарон вобаста ба мавқеашон соҳиби холҳо мегарданд, ки аз рӯи он раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ шакл мегирад. Аз ҷумла, варзишгароне, ки ҷои аввалро мегиранд, 1000 хол, ҷои дуюм – 700 ва ҷои сеюм 500 хол ба даст меоран
Ёдовар мешавем, ки аз 18 то 20 феврали соли равон дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» баргузор мешавад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






