ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, сешанбе, 54-умин рӯзи соли 2021 аст

Февраль 23, 2021 08:00

23 феврали соли 2016  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон сафар карданд. Сарвари давлат бо ҳолати боғу токзори намунавӣ шинос шуда, дар маъракаи ҳашари умумӣ барои бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар майдони 160 гектар иштирок карданд.

 ***

11 сол пеш, 23 феврали соли 2010 рӯзномаи марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин «Жэнмин Жибао- он-лайн» дар сомонаи худ рубрикаи махсусро таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин: Муколамаи фарҳангҳо» ифтитоҳ намуд.

***

23 феврали соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки гӯштингири тоҷик дар намуди гӯштини тарзи озод Азамат Сӯфиев дар Чемпионати Осиё дар Тайиланд медали биринҷӣ ба даст овард.

23 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.

***

Дар Гайана – Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

23 феврали соли 2010 дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасии Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи  давлатии  фарҳангу  ҳунари   шаҳри  Москваи ФР ва се мактаби олии Тоҷикистон-  Консерваторияи  миллии  ба  номи  Т.Сатторов, Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

***

23 феврали соли 2012 дар Озарбойҷон масъалаи ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку муҳокима шуд.

***

5 сол пеш, 23 феврали соли 2016 чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон-дастаи  «Истиқлол»-и Душанбе дар даври гурӯҳии аввали Ҷоми КФО -2016 дар гурӯҳи «В» муқобили дастаи футболи Урдун «Ал-Файсалӣ» қувваозмоӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин ҳамчун як оила» консерти муштараки ҳунарпешагони Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.

 ***

160  сол муқаддам, 23 феврали соли 1861 аз чор як ҳиссаи интихобкунандагони иёлати Техас дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз ИМА овоз доданд.

***

 23 феврали соли 1984 Ҷумҳурии Бруней истиқлол ба даст овард.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1993  аввалин гузашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи ҳафтаномаи «Собеседник» нашр шуд.

Февраль 23, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маводҳои таҳлилӣ