ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 феврал, ҷумъа, 57-умин рӯзи соли 2021 аст

Февраль 26, 2021 08:00

26 феврали соли 2009 дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам таҳти унвони «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

***

7  сол пеш, 26 феврали соли 2014 Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи марҳум генерал-майор Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.

26 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии фориғболӣ.

РӮЙДОДҲО:

26 феврали соли 1992 Тоҷикистон ба САҲА ҳамроҳ шуд.

***

26 феврали соли 2010 дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи мукофотонидани барандагони стипендияи ба номи Дмитрий Менделеев баргузор гардид.

***

7 сол пеш, 26 феврали соли 2014 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд.

***

26 феврали соли 2016 ташаббусҳои муштараки Тоҷикистон ва Нидерландия муҳокима карда шуданд.

***

5 сол пеш, 26 феврали соли 2016 дар Ню-Йорк ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи рӯзномаи ҷаҳонии оби тоза муҳокима карда шуд.

***

26 феврали соли 2017 дар намоишгоҳи техникӣ-коммуникатсионӣ дар Барселона тамғаи навкардашудаи телефони Nokia 3310 ба  тамошо гузошта шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1995 аввалин маротиба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоботи парлумонӣ баргузор гардид.

***

Соли 1936 дар Германия аввалин автомобили «халқӣ»- «Волксваген» истеҳсол карда шуд.

Февраль 26, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш