ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 феврал, якшанбе, 59-умин рӯзи соли 2021 аст

Февраль 28, 2021 08:00

28 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар карданд.

***

4 сол пеш, 28 феврали соли 2017  дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни гуфтугӯи судманди телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор дода, барои рушду тавсеаи бештари онҳо дар ҳамаи соҳаҳои афзалиятнок изҳори омодагию ҳавасмандӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои кумитаи тадорукот ҷаласа баргузор шуд.

28 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии бемориҳои нодир.

***

Дар Украина – Рӯзи хизмати роҳбаладии флоти ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

28 феврали соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони рамзии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо зиёиёни эҷодкори мамлакат  интихоб намуд. Дар он нишона ва аломатҳои фаъолиятмандии зиёиёни мамлакат аз рӯи соҳаҳои асосӣ ифода ёфтаанд.

***

28 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор гардид.

***

9 сол пеш, 28 феврали соли 2012 Барномаи муҳоҷирати дохилии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 тасдиқ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 муовини Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи машваратӣ доир намуд.

***

28 феврали соли 2017 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии ҷавобии «Ҳосилот» (Тоҷикистон) бо «Дордой» (Қирғизистон) баргузор гардид.

***

28 феврали соли 1854 Ҳизби ҷумҳуриявии ИМА таъсис дода  шуд.

***

98 сол муқаддам, 28 феврали соли 1922 Ҷумҳурии Миср соҳибистиқлол гардид.

***

28 феврали соли 1992 миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ муносиботи дипломатӣ барқарор гардиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1946 маҷаллаи варзишии Франсия  «L’Equipe» созмон дода шуд, ки он баъдан ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» ва беҳтарин футболбози Аврупоро таъсис дод.

Февраль 28, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш