Темур Раҳимов дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam-2021 ҷои ҳафтумро соҳиб шуд

Февраль 22, 2021 09:25

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре   қаблан иттилоъ дода будем, аз  18  то  20 феврал дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» баргузор шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 6 варзишгар: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд. Натиҷаи беҳтарро миёни паҳлавонони тоҷик Темур Раҳимов нишон дод. Ӯ дар қувваозмоиҳои вазни +100кг дар ду давр бар намояндагони Қазоқистон (Ерасил Кажибоев) ва Австрия (Стефан Ҳеҷӣ) ғолиб омад. Вале дар чорякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ ва дар даври тасаллобахш аз варзишгари Нидерланд Рой Мейер мағлуб гашта, ҷои ҳафтумро сазовор шуд.

Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқаи мазкур Сомон Маҳмадбеков (-73), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Полша Адам Стадолски пирӯз шуд, вале дар даври сеюм аз варзишгари Беларус Вадзим Шока шикаст хӯрд.

Комроншоҳ Устопириён (-90кг) низ дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм варзишгари Перу Юта Галаррета Вилларро мағлуб кард, аммо дар даври сеюм аз варзишгари Озарбойҷон Маммадалӣ Меҳдиев мағлуб шуд.

Шакармамад Мирмамадов (+100кг), дар даври аввал бар ҳарифаш Наор Итаҳи исроилӣ ғолиб омад, вале дар даври минбаъда аз варзишгари Нидерланд Йур Сиперс мағлуб гардид.

Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) дар даври аввал аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Ин дуюмин мусобиқа аз силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар соли 2021 мебошад. Хотиррасон мешавем, ки  моҳи январи соли равон дар шаҳри Давҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои дзюдо баргузор гардид, ки дар он аз кишвари мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов иштирок намуданд. Натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа низ Темур Раҳимов нишон дод. Ӯ дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол кард.

Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.

Февраль 22, 2021 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад