Ҷумъа Давлатов: Дар баъзе мақомоти давлатӣ технологияҳои кадрӣ нокифоя амалӣ шуда, талаботи тахассусии мансабҳо риоя намешавад
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар баъзе мақомоти давлатӣ технологияҳои кадрӣ (озмун, баҳодиҳӣ, аттестатсия, такмили ихтисос) нокифоя амалӣ шуда, талаботи тахассусии мансабҳо риоя намешавад. Инчунин барои ҷалби ҷавонон ва занон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд. Аз ин рӯ механизми кор бо захираи кадрҳои хизмати давлатӣ, гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунанда ва амалисозии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ дар сатҳи зарурӣ амалӣ намегардад.
Дар ин бора Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, гуфт, ки “бо ин сабаб ҳолати ба Барномаи ягонаи автоматикунонидашудаи Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маълумоти дахлдори хизматчиёни давлатӣ дар баъзе мақомоти давлатӣ қонеъкунанда нест”.
Ҷумъа Давлатов иброз дошт, ки мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ то 1 январи соли 2021 19 ҳазору 210 нафарро ташкил медиҳад, ки теъдоди занҳо 4 ҳазору 485 ё 23,3 фоиз, теъдоди ҷавонони то 35-сола 9095 нафар ё 47,3 фоиз мебошад. Синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37,3 солро ташкил медиҳад.
Ба зикри мавсуф, аз шумораи 5718 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1098 нафар ё 19,2 фоизи онро занони роҳбар ташкил менамоянд. Теъдоди умумии занон нисбат ба 1 январи соли 2020 78 нафар ва занони роҳбар 51 нафар зиёд шудааст.
Аз 9095 нафар ҷавонони то 35-солаи хизмати давлатӣ 1441 нафар дар мансабҳои роҳбарикунанда қарор доранд.
“Агентии хизмати давлатӣ оид ба масъалаҳои вазъи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ, мусоидат ба фарогирии бештари бонувон ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунандаи он мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад. Вале дар баъзе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд”,- гуфт Ҷумъа Давлатов.








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






