Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар маросими ифтитоҳи мизи мудаввари СММ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 феврал Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода тавассути видеоконфронс дар маросими ифтитоҳи мизи мудаввари СММ доир ба рушди устувори саноати истихроҷ ва татбиқи Рӯзномаи 2030 дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором якҷо бо муовини якуми Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад ва мудири иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсиа Алисҷаҳбана суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлимро ба тасвиб расонида, дар назди худ ҳадафҳои истифодаи энергияи тоза, аз ҷумла татбиқи сиёсати коҳиш додани истифодаи ангишт, гузариш ба истеҳсоли энергия аз манбаҳои барқароршаванда ва технологияи каммасраф гузоштааст. Инчунин неруи барқи Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсол аз ҷиҳати экологӣ тоза ба шумор меравад, зеро 98 фоизи неруи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешаванд ва тибқи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз рӯи истифодаи энергияи тоза дар ҷаҳон ҷои 6-умро ишғол менамояд. Дар умум Тоҷикистон дар самти татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз» ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор бомаром тадбирҳо андешида истодааст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки барои ҳавасманд гардонидани сармоягузориҳои устувор якчанд ислоҳоти назаррас ҷиҳати таъмини заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва расмиёти танзими давлатии шаффоф ва пешгӯишаванда ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, дар ин самт низоми равзанаи ягона барои бақайдгирии мустақими субъектҳои соҳибкорӣ, Феҳристи ягонаи давлатии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, портали Кумитаи андоз барои тақрибан 36 намуди хизматрасониҳои электронӣ (аз ҷумла, эъломияи электронии андоз, пардохти мустақими андозҳо, раводиди электронӣ, равзанаҳои ягона барои гирифтани иҷозати сохтмон, бақайдгирии амволи ғайриманқул, ба расмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, феҳристи электронии бақайдгирии амволи манқул ва ғайриманқул, онлайн платформаҳои B2B ва дастовардҳои ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ эътироф гардида, Тоҷикистон тибқи арзёбии байналмилалии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» солҳои 2010, 2011, 2015 ва 2020 ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардид.
Дар анҷоми видеоконфронс аз ҷониби мудири иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсиа Алисҷаҳбана Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намунаи кишвари пешқадами минтақа дар самти истифодаи неруи «сабз» ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ гардид. Иштирокчиёни конфронс омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд ҷиҳати гузариш ба истифодаи манбаъҳои тоза ва барқароршавандаи энергия дар саноати истихроҷ, беҳтар намудани устувории иҷтимоӣ ва экологӣ ва сафарбар намудани сармоягузориҳо барои роҳандозии технологияҳои муосири сарфакунандаи энергия изҳор намуданд.








Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст






