Вазорати адлия: Соли сипаришуда пош хӯрдани оилаҳо дар қиёс ба соли 2019 беш аз ду ҳазор ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст

Февраль 1, 2021 13:48

ДУШАНБЕ, 01.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон соли сипаригардида 67 ҳазору 104 ҳолати сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд, ки ин омор соли 2019  ба зиёда аз 79 ҳазор  ҳолат мерасид. Ҳамзамон соли гузашта 10 ҳазору 536 ҳолати бекор кардани сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба соли 2019 беш аз ду ҳазор ҳолат коҳиш ёфтааст.

Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён  имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе, ки фаъолияти Вазорати адлияи мамлакатро  дар соли гузашта натиҷагирӣ кард, омили асосии пош хӯрдани оилаҳо, бахусус оилаҳои ҷавонро паст будани  сатҳи маърифати оиладорӣ  арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон соли 2020 аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 192  ҳолати сабти ақди никоҳи шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, назири Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Эрон, Амрико  ба қайд гирифта шудааст.

Февраль 1, 2021 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд