Вера Кулакова-Бранерруд: «Таҳияи Стратегияи миллии мубориза бо терроризм — барои Тоҷикистон вазифаи бениҳоят муҳим ва мубрам аст»
ДУШАНБЕ, 09.02.2021 / АМИТ «Ховар» /. «Таҳияи Стратегияи миллии мубориза бо терроризм — вазифаи — бениҳоят муҳим ва мубрам аст. Ин саволи густурда ва ҷиддӣ аст» — чунин посух дод имрӯз дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» ҳамватани мо, собиқ директори генералиии Радиои «Ватан» Вера Кулакова — Бранерруд, ки феълан дар Стокголм зиндагӣ мекунад.
Ба андешаи ӯ, пеш аз ҳама, мебояд, ки таҷрибаи пойтахтҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти татбиқи системаи Smart City омӯхта шавад. «Масалан, Лондон аллакай аз рӯи шумораи камераҳо дар як километри мураббаъ пешсаф аст ва то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ки шумораи умумии камераҳо, ки амниятро дар метрополис назорат мекунанд, аз 1 миллион зиёдтар карда шавад. Татбиқ ва истифодаи системаҳои навтарин дар асоси таҳлили Big Data (Маълумоти бузург), АI (зеҳни сунъӣ), технологияҳои ҷамъоварии таъҷилӣ, коркард ва таҳлили маълумот ба таври назаррас сатҳи бехатариро баланд мебардорад», — чунин меҳисобад Вера Кулакова-Браннеруд.
Вай инчунин таҷрибаи таъмини амният ва рафъи таҳдидҳои террористиро ҳангоми гузаронидани мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба футбол дар Россия, ки беназир эътироф шуд, мисол овард. “Пас аз мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон — 2018, бисёр кишварҳо ба технологияҳои амниятие, ки дар Россия истифода мешаванд, таваҷҷуҳи бесобиқа зоҳир карданд. Гузаронидани машваратҳо дар заминаи Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он шомил мебошад, бамаврид аст», — шарҳ медиҳад вай.
Тавре ки Вера Кулакова-Бранерруд гуфтааст, бояд дар доираи стратегияи оянда ба кори пешгирии ҷалби наврасон ва ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ диққати махсус дода шавад. Муҳим ин аст, ки нуқтаҳои ҳамфикрӣ пайдо шаванд, сари вақт ба ниёзмандиҳои қисми фаъолтарин ва ба осонӣ талқиншавандаи аҳолӣ посух дода шавад.
“Ҷавонон, новобаста аз вазъи молиявии худ, бояд имкониятҳои бештар барои рушди шахсӣ, мансабӣ ва касбӣ дошта бошанд. Марказҳои муосири фарҳангию маърифатӣ ва Бунёдҳои дастгирии ҷавонон метавонанд вазъро ба таври назаррас беҳтар намуда, ҷавононро ҳавасманд созанд ва ҳамин тавр дар кори пешгирӣ ба шомилшавии онон ба ҳаракатҳои номатлуб нақши калидӣ дошта бошанд. Масалан, дар чунин марказҳо кӯдакон метавонанд гуруҳҳои мусиқӣ ва театрии ҷавонон, студияҳои бадеӣ ва техникӣ созанд, тамрин кунанд ва консертҳо баргузор намоянд. Соле чанд маротиба метавонанд дар чорабиниҳои гуногуни давлатӣ ва хусусӣ ҳунарнамоӣ намоянд, таҷриба ҳосил намоянд ва пул кор кунанд. Ё ин ки, барои мисол, барои насли калонсол дарсҳои маҳорат ташкил намоянд», — шарҳ дод вай.








Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд






