Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро ба ҳузур пазируфтанд

Март 1, 2021 13:24

ДУШАНБЕ, 01.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо дар фазои ҳусни тафоҳуми комил вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин мавзуоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат аҳаммияти ҳамкории байнипарлумониро барои таҳким бахшидан ба равобити гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамҷавор таъкид карданд.

Дар иртибот ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ҷонибҳо ба раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ки айни замон дар ҷараён аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон зарурати дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон қайд карданд.

Дар ин зимн Президенти кишвари мо ҷонибдории Тоҷикистонро аз иқдомот ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистон дар ин ҷода бори дигар иброз доштанд.

Бо ишора ба дастгирии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон аз ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистони ҳамҷавор, Пешвои миллат аҳаммияти дар охири моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардидани ҷаласаи сатҳи баланди ҳамоиши “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”-ро, ки Тоҷикистон раёсати онро ба ӯҳда дорад, махсус таъкид карданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт, минҷумла, бо инобати ҳамагирии Ковид-19, дар соҳаи тандурустӣ, иброз намуданд.

Ҳамзамон, ба зарурати таҳкими заминаи ҳуқуқии чунин ҳамкориҳо ва нақши парлумонҳо дар ин раванд ишора карда шуд.

Вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи амният зарурати тақвияти шарикии ду кишвар дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид карда шуд.

Дар анҷоми суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Афғонистон сулҳу амонӣ ва шукуфоиву нумӯи рӯзафзун таманно намуданд.

Мулоқот бо Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ 01.03.2021

Март 1, 2021 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд