«30 қадами созанда», «Матбуот ва ҷомеаи муосир», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Март 12, 2021 10:15

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро бозтоб намудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Ҷумҳурият»— нашрияи расмии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи 49 (24 156) сешанбе, 9 марти соли равон  Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи Модар  интишор намудааст, ки дар он омадааст: «Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарвар ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст. Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад. Фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик ҳоло бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаашон давлати соҳибистиқлол ва Ватани аҷдодиамонро обод карда, мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёрро торафт баланд бардошта истодаанд…».

Дар ин шумораи «Ҷумҳурият»  суҳбати мизи гирд, ки дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Матбуот ва ҷомеаи муосир» бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ доир гардидааст, чоп намудааст.

Дар шумораи 40 (24 157) нашрияи «Ҷумҳурият», чоршанбе, 10 марти соли равон таҳти унвони «Хатлон. Паёми Пешвои миллат ободкориҳоро вусъати тоза бахшид» маводи Раиси вилояти Хатлон нашр гардидааст, ки дар он омадааст: «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём таъкид намуданд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияи нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона шуд. Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок бо ибтикори Роҳбари давлат саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Дар ин росто, дар вилояти Хатлон давоми соли 2020 зиёда аз 90 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 900 ҷойи кори доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд…».

Ҳамчунин дар ин шумора таҳти унвони «Дилоро бонуе, ки «Пайкараи миллии  забони тоҷикӣ»-ро сохт», «Рашт. Шарикони рушд ҳавасманди тавсеаи ҳамкориянд», «Нигоҳе ба ошуфтагиҳо дар таърихи илм», «Таҳкими ҳамкорӣ. Роҳе, ки моро ба қуллаи мурод мерасонад» ва ғайра маводи таҳлилӣ ба нашр расидаанд.

Хонандагони нашрияи расмии «Ҷумҳурият» имкон доранд аз ин шумораи рӯзнома хабару гузоришҳоро доир ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва ҷаҳон мутолиа намоянд.

 «Садои мардум»— нашрияи Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 32  (4294), сешанбе, 9 марти соли равон  дар радифи чопи Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар таҳти унвони «Саҳми модарон дар тарбияи фарзандони бонангу номус бузург мебошад», ҳамзамон хабару мақолаҳоро вобаста ба фаъолияти Парлумони  мамлакат  интишор намудааст.

Хонандагони нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум» ҳамзамон имкон доранд аз ин шумора мақолаҳоро таҳти унвони «Дар бораи медали ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор қабул шуд», «Ноҳияи Мурғоб бо ҳидоятҳои Пешвои миллат равнақ меёбад», «Роҳнамои музаффариятҳо», «Инсоне буд баландҳиммату нексиришт», «Азизу ғамхор ва сарчашмаи муҳаббат» ва дигар хабару гузоришҳо мутолиа намоянд.

«Народная газета» -нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар №10 (20291), чоршанбе 10 марти соли 2021 дар баробари нашри хабарҳои расмӣ аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақолаҳоро зери унвони «Мать является самым дорогим, почитаемым и святым человеком», «Мать- создатель человечества», «Шохона Одиназода: Луший подарок в моей жизни я  получила от 5-летней дочки», «Таджикиские женщины – жемчужины нации», «Река, которая «пересыхает» зимой» ва дигар хабару гузоришҳоро интишор намудааст.

«Минбари халқ»— нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар №10 (1304) чоршанбе, 10 марти соли 2021 дар саҳифаи авввал иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлимро, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, нашр намудааст.

Дар ин шумора зери унвони «Курси бозомӯзӣ: Нақши ҲХДТ ва ҳалли душвориҳои муҳоҷират», «ҲХДТ- сарпарасти маънавии НБО «Роғун», «Бонувон дар меҳвари Паём», «30 қадами созанда», «Рушди маориф дар даврони Истиқлолият» ва дигар хабару гузоришҳо аз ҷараёни ободкориву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардидаанд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Март 12, 2021 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Феҳристи муштараки шоҳкориҳо ва бозёфтҳои нодири осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ нашр мегардад
ИДИ МЕҲРГОН-МЕРОСИ НИЁГОН. Давоми таърих дар фарҳанги мардум арзишҳои озмудашудаи миллат побарҷо мондаанд
Дар Академияи миллии илмҳо бо намояндагони Корпоратсияи «Синергия» рушди инфрасохтори рақамӣ баррасӣ шуд
СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар кинотеатрҳои ҷумҳурӣ беш аз 40 филм намоиш дода мешавад
Дар доираи Рӯзҳои синамои Қирғизистон дар Душанбе филмҳои «Шамбала» ва «Эсимда» намоиш дода мешаванд
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Ҳамкории илмӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ бо намояндагони Чин баррасӣ карда шуд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд
«Бахтиёр Худойназаров намояндаи барҷастаи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст», — бардошт аз форум дар Душанбе
ИМРӮЗ — РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доранд
СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар доираи он форуми байналмилалӣ доир мегардад
Дар Душанбе Иди Меҳргонро бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ таҷлил менамоянд