АҲСАНТ! Овозхони тоҷик Манижа дар «Евровидение-2021» ҳунарнамоӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 09.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Овозхони тоҷик Манижа Сангин соли 2021 Россияро дар озмуни «Евровидение» намояндагӣ мекунад. Ин тасмим пас аз натиҷаи овоздиҳии умумимиллии шунавандагон зимни намоиши махсус дар Шабакаи аввали телевизиони Россия гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сароянда бо суруд ба забони русӣ «Russian Woman» ба озмуни мусиқӣ меравад.
Дар байни довталабон барои ширкат дар «Евровидение-2021» аз Россия Антон Беляев ва гурӯҳи «Therr Maitz», гурӯҳи «2Маши» ва овозхон Манижа буданд.
Продюсер Иосиф Пригожин интихоб гардидани овозхон Манижаро барои ҳунарнамоӣ дар «Евровидение-2021» аз Россия шарҳ дода, гуфт, ки қаблан сурудҳои Манижаро дар хит-парадҳо нашунида буд, аммо ҳунарнамоии ӯро зимни интихоб тамошо кард ва гуфт, ки ин ба ӯ таассуроти нек гузоштааст.
Қаблан гурӯҳи «Little Big» аз иштирок дар интихоби озмун даст кашид. «Мо итминон дорем, ки дар Россия сарояндагони боистеъдод ва ҷолиб бисёранд, ки ҳар яке бояд имконият дошта бошанд, ки худро берун аз кишвари мо нишон диҳанд», — гуфтанд аъзои ин гурӯҳ.
«Ман ба шумо барои ин боварӣ танҳо ташаккур гуфтан мехоҳам. Ман иштибоҳ нахоҳам кард! Ба таври зарурӣ ва ростқавлона иҷро мекунам. Аз хурдӣ бибиям ба ман бисёр сахт бовар дошт, вале мутаассифона, ӯ имрӯз дар канорам нест. Аммо ӯ ҳар рӯз, аз дуриҳои дур дар Душанбе нишаста, бо акси ман суҳбат мекард ва тамоми пораҳои рӯзномаҳоро ҷамъ меовард. Ин пирӯзиро маҳз ба ӯ мебахшам», — гуфт сароянда.
Ҳамраева Манижа Далеровна, ки ҳоло бо номи Манижа Сангин маъруф аст, 8 июли соли 1991 дар Душанбе таваллуд шудааст. Падараш Далер Ҳамраев – табиб мебошад ва модараш Наҷиба Усмонова аз рӯи ихтисос равоншинос буда, ҳоло тарроҳи либосҳои «Modardesigns» аст. Манижа аз тарафи модарӣ набераи нависанда ва публитсисти маъруфи тоҷик Тоҷӣ Усмон мебошад, ки ба номи ӯ дар Хуҷанд як кӯча номгузорӣ ва муҷассама гузошта шудааст. Бибикалони Манижа яке аз аввалин занҳо дар Осиёи Марказӣ буд, ки рӯймолашро кашида, изҳор доштааст, ки кор хоҳад кард ва бар зидди хурофот ва таассуб мубориза хоҳад бурд.
Манижа панҷ бародару хоҳар дорад. Вай фарзанди миёна аст. Хоҳари калонии ӯ Муниса Усмонова рӯзноманигор ва хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Россия мебошад. Бародари калонӣ Тоҷусмон Усмонов сармоядор аст. Хоҳари хурдӣ Аниса Усмонова ба тиҷорати тарабхонаҳо машғул мебошад. Бародари хурдӣ Шерзод Ҳамроев дар Академияи дипломатии Россия таҳсил мекунад.
Оилаи онҳо соли 1994 ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Москва кӯчид. Дар пойтахти Россия Манижа тӯли шаш моҳ бо ҳамсолонаш муошират карда наметавонист, зеро забони русиро намедонист. Аммо ӯ онро бисёр зуд омӯхт.
Манижа гуфт, ки ҳаёти ӯ як лоиҳаи санъати модари ӯст, зеро «ҳар коре, ки ман кардаам ва мекунам, ин сармоягузории ӯ ба ман на танҳо ба сифати сарватҳои моддӣ, балки, пеш аз ҳама, саҳми маънавӣ ҳамчун шахсият, инсон ва офаранда аст». Вай аллакай машҳур гашта, навори видеоии суруди «Иногда»-ро ба модараш бахшидааст. Ӯ аз хурдӣ сурудхониро дӯст медошт.
Манижа аз 5-солагӣ ба синфи фортепианои мактаби мусиқӣ рафт, аммо хориҷ шуд. Ӯ шарҳ дод, ки дастҳояшро нодуруст гузоштаанд. «Маро соли дуюм ба мактаби мусиқӣ монданд. Ман 7-сола будам. Ба ман гуфтанд, ки ягон маълумот надорам», — ба ёд овард ӯ. Аллакай дар мактаб, ӯ истеъдоди вокалии худро ҳангоми сурудани «My Heart Will Go On»-и филми «Титаник» дар рӯзи муаллимон кашф кард. Ӯ маълумоти махсуси мусиқӣ нагирифтааст, аммо дар танҳоӣ дарсҳои вокал, аз ҷумла аз муаллимони хусусӣ мегирифт. Ӯ аз Таҳмина Рамазанова (гурӯҳи «Авеста») сурудхонии шарқӣ омӯхтааст. Аз синни 11 ба навиштани сурудҳо шурӯъ кард. Дар намоишҳои ҳаваскорони мактабӣ ва дар мусобиқаҳои гуногуни вокалӣ ширкат меварзид. Соли 2003 Гран-прии Озмуни байналмилалии сарояндагони ҷавон «Rainbow Stars»-ро дар Юрмала дарёфт карда, лауреати нахустин ҷашнвораи эҷодиёти бачагонаи кишварҳои ИДМ «Нури умед», ки аз ҷониби ШТР «Мир» ташкил шудааст, мебошад.
Соли 2004 Манижа лауреати фестивал-озмуни IV байналмилалии «Kaunas Talent» гардид. Соли 2005 ӯ сурудҳои «Ангел мой», «Рыба в песке», «Танец любви», «Ту будӣ»-ро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сабт кард, ки дар радиоҳои Тоҷикистон пахш мешуданд.
Соли 2006 ӯ дар озмуни «Время зажигать звезды» ва соли 2007 — «Навои дил», ки аз ҷониби радиои «Азия-плюс» ташкил шуда буд, ғолиб омадааст. Дар 15-солагӣ ӯ бо тахаллуси «Ру.Кола» баромад карданро оғоз кард. Моҳи феврали соли 2007 ӯ суруди «Пренебрегаю»-ро сабт кард. Ӯ якҷоя бо иштирокчии машҳури КВН Семён Слепаков клип ба навор гирифт. Композитсия дар эфирҳои «Русское радио», «Юмор FM» ва радиоҳои дигар садо дод ва клип дар шабакаҳои телевизионии «Муз-ТВ», «RU.TV» ва «Первый музыкальный» пахш карда шуд.
Соли 2007 Манижа финалисти озмуни умумироссиягии «Пять звёзд» дар Сочи шуд. Вай сурудҳои «Небо Лондона»-и Земфира, «Караван любви»-и София Ротару ва композитсияи худаш «Поторопились»-ро иҷро кард.
Моҳи сентябри соли 2007 суруди дигари ӯ бо номи «Песочные часы» дар радиоҳои Россия садо дод. Баҳори соли 2008 албоми нахустини ӯ «Пренебрегаю» баромад, ки 11 сурудро дар бар мегирад. Тирамоҳи соли 2009 Манижа 11 сурудро барои албоми нав сабт кард. Бо вуҷуди муваффақият, то лаҳзаи муайян овозхониро шуғли асосии худ намешуморид. Пас аз хатми мактаб ӯ ба факултаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии гуманитарии Россия дохил шуд.
Ғалабаи стратегӣ — тамоми ИДМ овоз медиҳад
«Манижаро интихоб карда, омма қадами босалоҳияти сиёсӣ гузошт. Чунки бинандаи рус аз овоздиҳӣ ба овозхон маҳрум мешавад ва русзабон не. Ва ин ҳам як далел аст», — менависад рӯзномаи «Комсомольская правда».
Ва ин дуруст аст. Тамошобинони зиёд, ки худро «зодаи ИҶШС» меҳисобанд, дар паҳнои тамоми ИДМ (ва на танҳо) ва пеш аз ҳама, дар Тоҷикистон, албатта, бо хушнудӣ ба Манижа овоз медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки «Евровидение» аз 18 то 22 май дар ширкати «Ahoy Arena» дар Роттердам бо иштироки сарояндагони 41 кишвар баргузор мешавад. Ташкилкунандагон гуфтанд, ки бо сабаби COVID-19 барномаҳои мусиқӣ пешакӣ сабт карда мешаванд.
АКСҲО аз РИА Новости ва аз бойгонӣ








«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад






