ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҷамоати деҳоти Ворух беш аз 40 иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ мегарданд
ХУҶАНД, 31.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бунёду навсозии беш аз 40 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, бо маблағгузории Хукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳми соҳибкорону саховатмандон то имрӯз зиёда аз 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар қаламрави вилоят то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими беш аз ҳашт ҳазор иншоот пешбинӣ гардидааст. То имрӯз аз шумораи умумӣ беш аз ҳафтод фисади иншоот ба истифода дода шудаанд.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд, дар ин радиф афзалияти бештар ба ҷамоату деҳоти минтақаҳои дурдасти вилоят дода шуда, татбиқи раванди корҳои ободониву созандагӣ пайваста дар мадди назари роҳбарият қарор дорад.
Аз ҷумла, яке аз ҷамоатҳои баландкӯҳу дурдасттарини вилояти Суғд – Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки дар он беш аз 33 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд, аз чунин минтақаҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин ҷамоат корҳои азими бунёдкорӣ бомаром идома доранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмониву бунёдкорӣ ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, аз ҷараёни корҳои ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Ворух дидан намуд.
Тавре масъулини мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иттилоъ доданд, Раиси вилоят бо ҷараёни бунёди майдони Парчам, муассисаи нави таълимӣ, қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ворух, обод намудани мавзеъҳои ҷамъиятӣ, роҳу кӯча ва маҳалли зист, сабзазоркуниву хуррамгардонӣ шинос гардида, ба фаъолнокиву меҳнатдӯстии сокинон баҳои баланд дод. Мавсуф ҳамзамон изҳор дошт, ки «мардуми шарафманди Ворух бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи тадбирҳоро андешида, бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии як гӯшаи дурдасти Тоҷикистон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллии дар пешистода ҳамарӯза ҷаҳду талош доранд».
Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ, дар шаҳри Исфара то имрӯз беш аз 400 иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд шудаанд. Аз ҷумла, давоми солҳои 2018 — 95 иншоот, 2019 — 149 иншоот, 2020 — 161 ва давоми 2 моҳи соли 2021 4 иншоот бунёду навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифтаанд.













Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Хатлон дар 2495,7 гектар гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд
«MADE IN IRAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад
Соли 2025 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардид
То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 325 миллиард сомонӣ расонида мешавад
ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад
Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон 57,1 миллиард сомонӣ равона карда шуд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» истифода набаред!»






