Дар Рӯзи матбуоти тоҷик шаш нафар барандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҷамъомади идонае, ки имрӯз дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик доир гардид, барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон намуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки соли равон шаш нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар бахшҳои радио, телевизион ва матбуот барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардиданд.
Дар бахши радио Ҷоизаи Лоҳутӣ ба Худоёри Валӣ аз радиои «Имрӯз», дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия аз Телевизиони «Тоҷикистон» тақдим гардид. Дар бахши матбуот се нафар — Ноилшо Нуралиев аз ҳафтаномаи «Омӯзгор», Ҳақназар Каримзода аз рӯзномаи «Мароми пойтахт», Тағоймурод Нуралиев аз рӯзномаи «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат ва Абдулвоҳид Оев, публитсист, соҳиби Ҷоизаи Лоҳутӣ гардиданд.
Бояд тазаккаур дод, ки Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 44 сол муқаддам, дар Анҷумани панҷуми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо қарори Котиботи Правлениям Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз 20 августи соли 1977 таъсис дода шудааст. Ҳадафи таъсиси Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рушди дурнамои журналистикаи тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати публисистӣ ва касбии рӯзноманигорони кишвар мебошад. Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба рӯзноманигороне дода мешавад, ки аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд. Инчунин ҷоизаи мазкур ба муаллифоне, ки силсилаи очерку мақолаҳои беҳтарини публисистӣ, барномаҳои баландмазмуни телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ таҳия менамоянд, тақдим мегардад. Бояд тазаккур дод, ки ба барандагони Ҷоизаи Иттифоки журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ диплом, нишони сарисинагӣ ва мукофотпулӣ супорида мешавад.
Ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нисбат додани Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ин шоири шаҳири тоҷик яке аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд, ки дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоён намудааст. Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи тоҷик ва аҳли қалам фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз карда, бо онҳо ҳамкории доимӣ доштанд. Онҳо бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»













Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид






