Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ дар беморхонаҳои Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 март Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ва корҳои таъмирии беморхонаҳои марказии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд. Номбурда зимни боздид аз беморхонаҳои мазкур бо якчанд нафар беморон суҳбати озод анҷом дода, аз онҳо сифати хизматрасонии тиббиро пурсон шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррамгардонии назди беморхонаҳо, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар, таҳлилу баррасии масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.









Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






