«ҶАМОЛУ ЗИННАТИ ДУНЁӢ, ЭЙ ЗАН». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан» ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, занони роҳбари вазорату идораҳо, мувоинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ва донишҷӯдухтарони фаъол иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода занону духтаронро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуд.
Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки воқеан зан — модар тарбиятгари насли дирӯзу имрӯз ва фардои мамлакат мебошад. Маҳз бо ҷасорат, шуҷоату шафқати модарони тоҷик фарзандони бонангу ори миллат дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия ёфта, баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ талош менамоянд.
Ба зикри сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, “зан — модар қиматтарин ва азизтарин шахс дар зиндагӣ буда, оинаи беғубор ва сарчашмаи ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад”.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки ташаббусҳои наҷибу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа назаррас мебошанд. Дар раванди давлатдории миллии имрӯза, хосса таҳкими фарҳанги миллии халқи тоҷик ва барои ба зиндагии оянда сафарбар намудани насли ҷавон нақши занону модаронамон бағоят зиёд мебошад. Бахусус барои ба ҳаёти мустақилона омода намудану дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, дар шуури онҳо бедор кардани фарҳанги оиладорӣ, риояи талаботи қонунҳои миллии амалкунандаи ҷумҳурӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар онҳо саҳми модарону бонувони тоҷик баръало эҳсос мегардад.









Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






