Барои тарбиятгирандагони «Хонаи бачагон» ва қисми низомии наздимарзии ноҳияи Фархор маҳфили наврӯзӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Прокурори ноҳияи Фархор Маҳмадсаид Насимзода ва мудири бахши САҲШ-и Вазорати адлия дар ин ноҳия Нилуфар Мирзозода ба тарбиятгирандагони «Хонаи бачагон»-и ноҳияи Фархор дар баробари тақдими туҳфаҳои идона ҳамчун кумак маводи ғизоӣ, аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, шакар, макарон, биринҷ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал расонида шуда, барои хушҳолии онҳо дастурхони идона ва маҳфили рақсу суруд ташкил гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни маҳфил Прокурори ноҳия М. Насимзода тарбиятгирандагони «Хонаи бачагон»-ро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, онҳоро ба таҳсили хубу намунавӣ, омӯхтану донистани ҳуқуқҳояшон ва дур будан аз ҷинояткорӣ даъват намуд.
Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Фархор Н. Мирзозода изҳор дошт, ки дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо онҳо ба аёдати ин кӯдаконе, ки бо амри тақдир аз саробонии падару модар ё яке аз онҳо маҳрум гаштаанду дар ин таълимгоҳ қарор доранд, омада, бо шароити зиндагонияшон аз наздик шинос шуда, кумаки ҳамаҷониба мерасонанд. «Ин кӯдакон набояд худро танҳо эҳсос кунанд ва аз таваҷҷуҳу ғамхориҳо бенасиб бошанд, зеро онҳо ҳамеша таҳти ҳимояту дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва кумаки доимӣ ба онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад», — афзуд мавсуф.
Дар идомаи ин гуна иқдоми нек аз ҷониби бахши САҲШ-и ноҳияи Фархор ба зиёда аз 50 нафар тифлакони хуштолеъ, ки 15-16 март ба дунё омадаанд, дар якҷоягӣ бо муовини раиси ноҳия Дилбар Раҳматуллозода шаҳодатномаҳои ройгон ва туҳфаҳо тақдим шуданд.
Инчунин 19 март барои сарбозони Дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, воқеъ дар минтақаи Кокули ноҳияи Фархор бо ташаббуси мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Фархор Нилуфар Мирзозода ва дастгирии соҳибкори ноҳия Пайрав Муслимов дастурхона идона ташкил гардид.










Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






