Чилучорчашма ва Хоҷа Машҳад дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ пурра навсозӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик мадрасаи Хоҷа Машҳад ва мавзеи табиию таърихии Чилучорчашма дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт»—и Бонки ҷаҳонӣ пурра навсозӣ гардида, ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шаванд.
Дар ин бора зимни давраи омӯзишӣ, ки 3 март бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шаҳритус дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба муаррифии мавзеи сайёҳии Чилучорчашма ва мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун бренди сайёҳии минтақа доир гардид, гуфта шуд.
Дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, масъулини самти сайёҳӣ дар вилояти Хатлон, ташкилоту ассотсиатсияҳо, субъектони хизматрасони сайёҳӣ ва шахсони фаъоли ҷомеа ширкат варзиданд. Дар давраи омӯзишӣ масълаҳои ҳолати нигоҳдорӣ ва истифодаи объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ, таҳияи маводи иттилоотӣ бо забонҳои хориҷӣ дар бораи мавзеъҳои сайёҳии Чилучорчашма ва Хоҷа Машҳад ва таблиғи онҳо дар шабакаи интернет, ташкили марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, мағозаҳои фурӯши армуғонҳо ва фаъол намудани хатсайрҳои сайёҳӣ матраҳ гардиданд.
«Чилучорчашма» зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон буда, миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш шинохта шудааст. Шумораи умумии чашмаҳо 44- ададро ташкил намуда, ба 17 гурӯҳ ҷудо мешаванд. Чунин гурӯҳбандӣ аз рӯи хосияти табобатии чашмаҳо дар асоси ташхисҳои бисёрсолаи олимон муайян карда шудааст.
Ҷолибтарин хусусияти ин ёдгорӣ, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ чалб намудааст, ин моҳиҳо ва морҳои «Чилучорчашма» мебошанд. Моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо шино мекунанд. Морҳо аз болои моҳиҳо гузашта, ба онҳо ҳамла намекунанд.
«Чилучорчашма» мавзеи зиёратӣ, истроҳатию рекреатсионӣ маҳсуб шуда, дар ин ҷо туризми зиёратӣ, истироҳатӣ ва табобатӣ хеле рушд ёфтааст. Оби 17 чашмаи он шифобахш ба шумор меравад. Ҳар як чашмааш хусусияти табобатӣ ва ба худ номи хос дорад.
Ёдгории меъмории «Хоҷа Машҳад» на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Миёна ёдгории беназир маҳсуб меёбад.
Мадрасаи «Хоҷа Машҳад» дар асри 9-10 бино ёфта, пойдевор ва тамоми деворҳои гумбаз аз хишти пухта сохта шудаанд. Ғафсии пойдевор 3 метр буда, ин иншоот дар тӯли қарнҳо ба ҳама офатҳо тоб оварда, то рӯзҳои мо расидааст. Дар маҷмӯъ ёдгории меъмории «Хоҷа Машҳад» ва ёдгории таърихию табиии «Чилучорчашма» барои рушди сайёҳии таърихию зиёратӣ, фароғатию табобатӣ, илмию маърифатӣ, экологӣ ва таълимию омӯзишӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.
Дар атрофи Мадрасаи «Хоҷа Машҳад» ва мавзеи табиию таърихии «Чилучорчашма» инфрасохтори хизматрасонӣ ва ҳоумстейҳо ташкил мегарданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии маҳал саҳми арзанда мегузоранд.








АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд






