Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ доир шуд

Март 10, 2021 15:52

ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Нақши матбуот дар раванди идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-сисёсӣ баргузор шуд.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода  тамоми рӯзноманигорон ва аҳли қаламу суханро самимона табрик гуфта, зикр намуд, ки “бо мақсади қадршиносии аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори омма ҳамасола 11 март дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти  тоҷик ва иди касбии  рӯзноманигорон таҷлил мегардад. Воситаҳои ахбори омма барои инъикоси таҳаввулоти азими иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ, сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳи ахбори омма ҳамкории хубу самаранок дорад. Саҳми воситаи ахбори оммаи кишвар, хусусан матбуот дар муборизаҳои иттилоотӣ имрӯзҳо хеле барҷастааст. Чунки душманони миллату давлат ҳамарӯза кӯшиш мекунанд, ки бо ахбори бардурӯғу муғризона Ватани моро ба таври манфӣ муаррифӣ намоянд, вале бо саҳми матбуот ва дигар ВАО-и Тоҷикистон тири онҳо хок хӯрда, ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасанд. Бовар дорем, ки кормандони воситаҳои ахбори омма минбаъд низ барои инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд”.

Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода  дар мавзӯи «Матбуот ва равандҳои ҷаҳонишавӣ», мудири кафедраи телевизион ва радоишунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов дар мавзӯи «Нақши матбуот дар таҳкими давлатдории миллӣ», дотсенти кафедраи  забони тоҷикӣ ва сармуҳаррири рӯзномаи «Сарвар ва миллат»-и Академия Раҳматулло Каримов дар мавзӯи «Қадамҳои устувори «Сарвар ва миллат» маърӯза намуданд.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ  Исмоилзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақоми воситаҳои ахбори омма хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд». Маҳз, бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо теъдоди зиёди рӯзномаву ҳафтанома, телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ фаъолияти пурсамар доранд ва сокинон сари вақт бо рӯйдодҳои муҳими ҷомеа шинос мегарданд.

Мудири кафедраи телевизион ва радоишунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов зикр намуд, ки дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма барои расонидани иттилоъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас буда, он ҳамчун як рукни муҳими давлатдорӣ дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеият нақши бориз доранд. Матбуот дар ҳама давру замон ба сифати миёнарави байни ҳукумат ва ҷомеа баромад доштааст. Ҳамин аст, ки мардум ҳамеша ба сухани матбуот эътимод доранд ва онро қабул мекунанд, дар фаъолияти худ аз он кор мегиранд ва ин масъулияти аҳли матбуотро боло мебарад.

Дар хатми ҳамоиш кормандони нашрияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Сарвар ва миллат» ва рӯзноманигорону собиқадорони соҳа бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик аз ҷониби роҳбарияти Академия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Март 10, 2021 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд