Дар ҷануби Тоҷикистон соли 2020 нуҳ корхонаи бекорхобида аз нав фаъол карда шуданд
БОХТАР, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар тӯли 5 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон 2,5 баробар ва шумораи корхонаҳои нав 8,3 баробар афзудааст. Дар ин бора 29 март дар Бохтар дар иҷлосияи панҷуми вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум гуфта шуд.
«Дар тӯли 30 соли истиқлоли кишвар саноати вилояти Хатлон босуръат рушд меёбад, дар шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта мешаванд, навъҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ сол то сол зиёд мешавад. Соли 2020 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ 153 навъро ташкил намуд, дар ҳоле ки соли 2015 танҳо 92 навъ маҳсулот истеҳсол карда мешуд», -зикр кард роҳбари вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Ба гуфтаи ӯ, шумораи корхонаҳои саноатӣ низ афзудааст.
«Тибқи таҳлилҳо, соли 1991 дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон 75 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард, соли 2020 — 619 адад. Дар ин давра зиёда аз 544 корхонаи нав ба истифода супорида шуда, ҳазорҳо ҷойҳои кори доимӣ ташкил гардиданд», — зикр карда шуд дар иҷлосия.
Дар нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар солҳои 2021-2025 аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва вазорату идораҳо бунёди 145 корхонаи нави саноатӣ бо 12.543 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.
Танҳо соли 2021 бунёди 60 коргоҳ ва корхонаи истеҳсолӣ бо 958 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эҳёи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда соли 2020 9 корхона фаъолияти худро аз нав шурӯъ ва ба маблағи 15,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон дар муқоиса бо соли 2019 313,7 миллион сомонӣ ва ё 3,7% афзоиш ёфта, ба маблағи 8 миллиарду 810 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.








«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад






