Дар Бӯстон бинои Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ бунёд мешавад

Март 12, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 12.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон бинои Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёд мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, маросими гузоштани санги асос барои бунёди бинои ​ филиал бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ доир шуд.

Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2004 ташкил шуда, ҳамчун мақоми танзимкунандаи давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар вилояти Суғд фаъолият мебарад.

Зимни фаъолият Филиали Агентӣ ҳаҷми калони корҳои мониторинги радиатсиониро дар самти таъмини бехатарии радиатсионии маҳфузгоҳҳои вилояти Суғд иҷро намуда, оид ба бехатар гардонидани онҳо таклифҳои мушаххас пешниҳод кардааст.

Ташкили бинои маъмурии мазкур имконият медиҳад, ки он ба Маркази илмӣ-инноватсионии на танҳо вилояти Суғд, балки тамоми ҷумҳурӣ мубаддал гардида, обрӯю эътибори давлати моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорад.

Март 12, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад