Дар Давҳа конфронси матбуотӣ оид ба авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар СҲШ баргузор шуд

Март 23, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 23.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 март Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар конфронси матбуотиро дар бораи авлавиятҳои раёсати кишварамон дар Созмони ҳамкории Шанхай бо ҳузури роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Давҳа ва васоити ахбори оммаи Қатар баргузор намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода авлавиятҳои раёсати кишварамон дар созмони мазкурро барои солҳои 2020-2021 рӯнамоӣ карда, ҳамчунин роҷеъ ба аҳаммияти чорабиниҳои гуногуне, ки баргузории онҳо дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ пешбинӣ ва ба таҳкими баъдии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини амну суботи минтақа равона шудаанд, маълумот дод.

Таъкид гардид, ки раёсати Тоҷикистон дар СҲШ, ки ба ҷашни 20-солагии таъсисёбии ин созмон рост меояд, аз ҷиҳати тавсеаи фаъолиятҳои созандаи Созмони ҳамкории Шахай ва такмили иқтидори он саҳми шоистаю назаррас хоҳад гузошт.

АКС аз ВКХ ҶТ

Март 23, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд