Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» намоиши корҳои эҷодӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо намоиши корҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯён таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат гузориш медиҳад, ки дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 80 асари эҷодӣ, аз ҷумла мусаввирӣ, манзаранигорӣ, нақшу нигори миллӣ, кандакорӣ дар чӯб, миниатюра ва наққошии кундал, дастархони идонаи наврӯзӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, устодону донишҷӯён ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Ҷамшед Ғанизода иброз дошт, ки “миёни тамоми идҳое, ки дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд, шояд куҳансолтаринашон Наврӯзи хуҷастапай бошад. Воқеан, агар ба таърихи ҷашну идҳо назар афканем, мебинем, ки аксари онҳоро одамон бо судури фармоне баровардаву расм кардаанд. Вале Наврўз ҷашни қадимтарин барои мардум аст ва он маҳз аз табиат бардошта шудааст, яъне айёмест, ки шабу рўз баробар мешаванд”.
Ҳамчунин зикр дошт, ки фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои поку нек ва созандагиву ободкорӣ иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули он мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба чунин амалҳои воло ҳидоят кардааст. Наврӯз на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як айёми мусоид ва таконбахши созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.
Мақсад аз баргузории ин намоиш- муаррифии корҳои эҷодии рассомони ин даргоҳ буда, ба ин восита ҷалб намудани насли наврас ба санъати рассомию ороишӣ мебошад.
Тавре аз тасвирҳои устодони Донишкада аён буд, онҳо бо дастони ҳунарофари худ ба василаи рангҳо табиати Тоҷикистонро пурҷило ва хеле зебо нишон додаанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз ба ифтихори иди байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои миллӣ барпо гардида, бо риояи суннатҳои хоси ин ҷашн дастархони наврӯзӣ ороста шуд.
Ҷамшед Ғанизода иброз намуд, ки Наврӯз чун рамзи сулҳу оромӣ, пиндор, гуфтору кирдори нек моро ба сӯи рӯзгори осуда, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии оромона раҳнамоӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 30 марти соли 2013 таъсис ёфта, давоми фаъолияти худ кадрҳои баландихтисос омода намудааст. Дар донишкада се факултет — «Санъати тасвирӣ» бо кафедраҳои «Мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ», «Графика ва санъатшиносӣ», «Дизайн» бо кафедраҳои «Дизайн», «Санъати ороиши амалӣ», «Технологияи иттилоотӣ ва иқтисод», «Тарҳрезии бадеии либос», инчунин кафедраи «Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ» ва Маркази бачагонаи рассомӣ, устохонаҳои тахассусӣ дар назди раёсати донишкада ташкил гардидаанд.













РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард






