Дар Душанбе лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ 59 зина ва нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳҳо тибқи арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ 32 зина беҳтар гардид.
Дар ин бора зимни муаррифии Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, коршиносони соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир гардид, гуфта шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо назардошти таклифҳои тарафҳои ҳавасманд таҳия гардида, дар он истифодаи пурраи захираву имконияти мавҷуда, манбаъҳои иловагии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва андешидани 765 тадбири зарурӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу афзалияти стратегии кишвар пешбинӣ шудаанд.
Арзиши умумии лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 115,3 миллиард сомонӣ буда, аз он 51,3 миллиард сомонӣ (44,5 фоиз) аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, 35,1 миллиард сомонӣ (30,5 фоиз) маблағҳои шарикони рушд ва 28,9 миллиард сомонӣ (25 фоиз) маблағҳои бахши хусусӣ мебошад.
Намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Мунео Такасака вобаста ба лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2021-2025 мубодилаи афкор ва таклифҳои судманд пешниҳод карда, ҷиҳати саҳм гузоштан дар маблағгузории лоиҳаи ин барнома изҳори омодагӣ намуданд. Бояд зикр кард, ки лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои қабул ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки дар давраи татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» якчанд ислоҳоти назаррас дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт гузаронида шуданд. Аз ҷумла, расмиёти бақайдгирӣ, низоми иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ сода гардонида шуда, механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба роҳ монда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардида, ба низоми савдои байналмилалии бисёрҷониба шомил гардид. Аввалин маротиба дар давраи соҳибистиқлолӣ рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар аз ҷониби ширкатҳои байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» ва «Moody’s Investors Service» дар сатҳи «В, бо дурнамоии рушди устувор» муайян гардид. Таҷдиди Ширкати «Барқи тоҷик» оғоз гардида, маблағгузории сарикасӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҷорӣ карда шуд.
Зикр шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, дар солҳои 2016-2020 новобаста аз таъсири буҳронҳои иқтисодию иҷтимоии глобалӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ нисбат ба шарикони асосии тиҷоратии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд дастовардҳо ноил гардид. Аз ҷумла, рушди миёнасолонаи ММД дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуда, тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ Тоҷикистон ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид. Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 маротиба ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба афзоиш ёфтанд. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 26 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 74 фоиз кам гардид.








Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад
Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад
Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд






