Дар Душанбе марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 баргузор мешавад

Март 2, 2021 11:28

ДУШАНБЕ, 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро макони баргузории бозиҳои марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи «F» тасдиқ кард, ки дар он барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон – дастаи футболи  «Хуҷанд» иштирок мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар минтақаи Марказӣ, дар гурӯҳи «F» ҳарифони дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд-дастаҳои АГМК ё «Насаф»-и Ӯзбекистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Алай»-и Қирғизистон ҳастанд. Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар формати марказонидашуда дар як давр аз 14 то 20 май доир мегардад. Бозиҳои марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи «Е» аз 14 то 20 май дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир мегарданд, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон – дастаи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бо дастаҳои футболи  «Дордой»-и Қирғизистон ва «Аҳал»-и Туркманистон вомехӯрад.

Ғолибони гурӯҳҳои минтақаи марказии Ҷоми AFC-2021 дар финали минтақа байни ҳам   вомехӯранд, ки аз ду бозӣ иборат буда, 11 ва 25 август ба нақша гирифта шудааст. Дар сурате ки дастаи АГМК ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 роҳхат бигирад, Ӯзбекистонро дар Ҷоми AFC-2021 «Насаф» намояндагӣ мекунад. Дар ҳоли муваффақ нашудан дар бозии плей-оффи Лигаи чемпионҳо клуби АГМК дар Ҷоми AFC-2021 иштирок менамояд.

Ҷоми КФО-2021

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

Макон – Бишкек, Қирғизистон

«Равшан»  (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон)

«Аҳал» (Туркманистон)

Даври 1-ум

14 май (ҷумъа)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Равшан»  (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

17 май (душанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 3-юм

20 май (Панҷшанбе)

«Равшан»  (Тоҷикистон)«Дордой» (Қирғизистон)

Гурӯҳи «F»

Макон – Душанбе, Тоҷикистон

АГМК ё «Насаф» (Ӯзбекистон) — «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Хуҷанд»  (Тоҷикистон)-«Алай» (Қирғизистон)

Даври 1-ум

14 май (ҷумъа)

АГМК ё «Насаф» (Ӯзбекистон) – «Алай» (Қирғизистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд»  (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

17 май (душанбе)

«Алай» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Хуҷанд»  (Тоҷикистон)– АГМК ё «Насаф» (Ӯзбекистон)

Даври 3-юм

20 май (панҷшанбе)

АГМК ё «Насаф» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Хуҷанд»  (Тоҷикистон) – «Алай» (Қирғизистон)

Март 2, 2021 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд