Дар Хоруғ мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми 30- солагии Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст гардид

Март 27, 2021 11:51

ДУШАНБЕ, 27.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни ҷавонони шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳри Хоруғ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар ҳамкорӣ бо Анҷумани Оғохон оид ба масоили ҷавонон ва варзиш дар ВМКБ байни ҷавонони шаҳри Хоруғ тайи 3 моҳ давом ёфт.

Мусобиқаи футбол байни ҷавонони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ, ки дар як даста иштирок намуда, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хоруғ, ширкатҳои мобилии Тсел, Мегафон, Вабилон, ширкати барқии «Помирэнерҷӣ», андози шаҳри Хоруғ, Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят, Раёсати стандартизатсия, метереология ва сертификатсияи вилоят ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо маблағи пулӣ ва либосҳои варзишӣ дастгирӣ ёфта, ҷавонони шаҳр фаъолона дар мусобиқаи мазкур иштирок намуданд.

Дар бозии финалӣ дастаҳои «Тандурустӣ» ва «Pamirnergy» бо ҳам рақобат намуда, бо ҳисоби 3:1 варзишгарони дастаи «Pamirnergy» ғолибият ба даст оварданд. Варзишгарони дастаи Мегафон дар ин мусобиқа сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон бо Ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин зиёда аз 30 дучархаи нави замонавӣ ба иштирокчиёни мусобиқаи мазкур тақдим карда шуд.

Март 27, 2021 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард