Дар саросари Тоҷикистон тӯли 15 рӯз маҳфили идонаи «Ширу шакар» баргузор мегардад

Март 4, 2021 17:06

ДУШАНБЕ, 04.03.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 5 то 20 март  бо ибтикори Иттифоқи нависандагон дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи композиторон таҳти унвони «Ширу шакар» дар саросари ҷумҳурӣ силсиламаҳфили идона доир мегардад.

Тавре муовини раиси Иттифоқи навиандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, маҳфилҳо  бо иштироки адибон, овозхонон ва навозандагон гузаронида мешаванд.

Маҳфили идонаи «Ширу шакар»  5 март, соати 14:00 бо иштироки Шаҳрия Аҳтамзод дар Иттифоқи нависандагон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Инчунин дар ин рӯз бо иштироки шоир Озар Салим, шоира Офоқ Қодириён, Саидҷаъфар Баёзӣ дар шаҳри Бохтар ва худи ҳамин рӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Фарзона ва  Озарахш, инчунин   дар шаҳри Истиқлол бо ҳузури Меҳринисо, Нодира Назирӣ, Мирзо Умарзода  маҳфилҳо доир мегарданд.

7 март дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Хосият Вализода, дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Адибаи Хуҷандӣ, Дилором Солеҳбоева, Салими Зарафшонфар  ва дар шахри Ваҳдат бо иштироки Давлат Сафар, Давлати Раҳмониён ва Абдусаттори Раҳмон  маҳфили идона баргузор мегардад.

9 март дар Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки Давлат Сафар, дар Иттифоқи нависандагон бо иштироки Рустам Ваҳҳобзода ва    дар  ноҳияи  Деваштич бо иштироки Эгамназар Соҳибназар, Зулфия Бобоева, Раънои Зоирдухт маҳфили идона  сурат мегирад.

15 март бо иштироки Камол Насрулло  дар Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе чунин маҳфил доир мешавад.

16 март дар ноҳияи Ҷомӣ бо иштироки Хайрандешу Рустами Хомарахш ва дар ноҳияи   Ҷаббор Расулов бо иштироки Аъзами Хуҷаста, Насимбек Қурбонзода ва Нодира Расулова  маҳфили идона гузаронида мешавад.

17 март дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Усмон Билолӣ, Амиршоҳи Хатлонӣ, Шабафрӯз, дар  ноҳияи Носири Хуросон бо иштироки Рустами Хомарахш, Хурсандмурод Фақиров, дар  шаҳри Норак бо иштироки Чӯпонбадали Ванҷӣ, Шаҳнози Шаҳнавоз, дар  ноҳияи Фархор бо иштироки Алимуҳаммад Муродӣ, Сулаймон Султон, дар   ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки Саидамин Ҷило, Аюбҷон Кенҷа, Абдуллои Фозил, дар   шаҳри Гулистон бо иштироки Гулнози Тоҳириён, Дилором Солеҳбоева, дар   шаҳри Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Аҳмадҷон Раҳматзод, Ҳоҷиҳусейн Мӯсозода, Баҳринисо, дар   шаҳри Панҷакент бо иштироки Саид Юнусиён, Сурайё, Иброҳим Калонзода, инчунин дар ноҳияи Дарвоз бо иштироки Беҳрӯзи Забеҳулло, Шарифбеки Азиз, Абдураҳмони Сулаймон   ва дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Раҳмат Назрӣ, Ҳасан Ғоиб, Бузургмеҳри Баҳодур   маҳфилҳои идона доир мегарданд.

Ҳамчунин 18 март дар Иттифоқи нависандагон бо иштироки Низом Қосим, бо иштироки Ҳақназар Ғоиб ва Лутфи Хомӯш  дар ноҳияи Балҷувон, бо иштироки Чӯпонбадали Ванҷӣ, Манзура, Гулҷаҳон  дар ноҳияи Вахш, бо иштироки Зебои Хатлонӣ, Усмон Билолӣ, Рафеъзод  дар ноҳияи Дӯстӣ, бо иштироки Амиршоҳи Хатлонӣ, Офоқ  дар ноҳияи Носири Хусрав, бо иштироки Раънои Зоирдухт, Равшани Замир  дар ноҳияи  Шаҳристон, бо иштироки Нуралӣ Нурзод, М. Султон, Абдуҷаббори Сурӯш, Равшан Ҳамроҳ дар ноҳияи Айнӣ, бо иштироки  Файзи Ашӯр, С. Ҳасанзода, Хайрандеш  дар ноҳияи Муъминобод, бо иштироки Амиршоҳи Хатлонӣ, Назокат Олимзода, Офоқ  дар ноҳияи Қубодиён, бо иштироки Пайшанбе Шоҳзода, Муҳаммади Дороб, Мақсади Ҳусайн  дар ноҳияи Ванҷ, бо иштироки Пайшанбе Раҳматов, Маҳмадалӣ Бахтиёр  дар ноҳияи Рӯшон, бо иштироки Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Лутфишои Додо, Гулнисои Ато  дар шаҳри Хоруғ, бо иштироки Хушомади Алидод, Назархудои Назархудо, Шоҳзодаи Саидиброҳим  дар ноҳияи Роштқалъа, бо иштироки Майрамбек Тойчиев, Султон Парманов  дар ноҳияи Мурғоб, бо иштироки Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Анвари Андаробӣ, Кӯйбек Шарифзода  дар ноҳияи Ишкошим, бо иштироки Рустам Ваҳҳобзода, Диловари Мирзо, Сафар Абдураҳим  дар ноҳияи Рашт, бо иштирокиАбдулҳамиди Самад, Муҳриддин Сабурӣ, Муродалӣ Собир, Шобегим Маликзод  дар ноҳияи Варзоб ва бо иштироки Ният Ҳаёт, Рустами Аҷамӣ дар ноҳияи Шаҳринав маҳфилҳои идона доир  мегарданд.

19 март дар ноҳияи Шаҳритӯс бо иштироки Озар Салим, Абдуллои Раҳнамо, дар ноҳияи Панҷ бо иштироки Лутфи Хомӯш, Алимуҳаммад Муродӣ, Сумангул Бобоева,   дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки Ҳақназар Ғоиб, Одина Раҳмон, Нуралӣ Яъқуб, дар  ноҳияи  Восеъ бо иштироки Акбари Абдулло, С. Ҳасанзод, Р. Ғаффор, дар  ноҳияи  Ҷайҳун бо иштироки Хайрандеш, Нуруллоҳи Ориф, Мафтун, дар  шаҳри Исфара бо иштироки Адибаи Хуҷандӣ, Саидамин ило, Нарзуллои Азизиён, дар ноҳияи Шуғнон бо иштироки Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Шавкати Оғоназар, Манзури Мавлодод, дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Исмоил Зарифӣ, Шаҳодати Ҷалол, Анварбеки Абунаср, дар   ноҳияи Лахш бо иштироки Давлати Раҳмониён, Бузургмеҳри Ҳаким, дар  ноҳияи Сангвор бо иштироки Абдусаттори Раҳмон, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Давлат Алӣ ва дар   ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки Ато Мирхоҷа, Муҳтарам Ҳотам, Аҳлиддин Ҳисорӣ  маҳфилҳои идона сурат мегиранд.

20 март бо иштироки Фарзона, Озарахш дар Филармонияи давлатӣ, бо иштироки Алимуҳаммад Муродӣ, Амиршоҳи Хатлонӣ, Нурмуҳаммад Сироҷӣ  дар ноҳияи Ҳамадонӣ, бо иштироки Сулаймон Султон, Файзи Ашӯр, Абдуқаҳҳри Мӯсо  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, бо иштироки Зафар Аҳмад, Сафар Абдураҳим  дар ноҳияи Ашт, бо иштироки Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Хосият Вализода, Рӯдоба  дар ноҳияи Данғара, бо иштироки Усмон Билолӣ, Кароматулло Садиров, Малоҳат Толибова, Зебуннисо  дар ноҳияи Ҷалолиддин  Балхӣ, бо иштироки Олимхон Исматӣ, Ҷӯра Юсуфӣ, Маликнеъмат  дар ноҳияи Мастчоҳ, бо иштироки Ӯринбой Усмон, Ато Боқӣ, Қодири Мирашӯр  дар ноҳияи Спитамен, бо иштироки Ато Ҳамдам, Абдуллоҳи Раҳнамо  дар ноҳияи Файзобод, бо иштироки Асрори Сомонфар, Беҳрӯзи Забеҳулло  дар шаҳри Роғун, бо иштироки Парда Ҳабиб, Шаҳриёр Олимӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва  бо иштироки Ато Мирхоҷа, Ҷумъа Қувват, Шарофати Назар  дар ноҳияи Нуробод маҳфилҳои идона баргузор мешаванд.

Март 4, 2021 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад
Дӯстӣ пойдор бошад, комёбиҳо бештар мегарданд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ
Китоби «Фурӯғи худшиносии миллӣ» ба нашр расид