Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд

Март 21, 2021 10:14

ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ “Ховар”/. 20 март дар шаҳри Кӯлоб як зумра иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  ва ҳайати гурӯҳи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  Маркази «Маърифат» аз ҷумлаи ин иншооти ҷашнист, ки  дар Ҷамоати деҳоти «Зарбдор»  аз тарафи оилаи Раҳмонзодаҳо бунёд шудааст.  Бинои маркази мазкур аз ду ошёна иборат  буда, дар ошёнаи якум синфхонаи компютерӣ ва Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дар ошёни дуюм китобхона бо фарогири адабиёти бадеӣ, илмӣ ва илмҳои табиатшиносию  дақиқ ташкил шуда,  дар як гӯшаи он адабиёти бачагона мавҷуд аст.

Дар ошёнаи якуми бино мағозаи хӯрокворӣ ва кошонаи ҳусн низ фаъолият мекунад, ки барои мардуми деҳа зарурати зиёд  дошт. Гуфта шуд, ки айни ҳол дар ин иншоот 13 нафар аз аҳолии деҳа ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд.

Дар рафти чорабинии мазкур дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб парда аз рӯйи лавҳаи фахрӣ ба ифтихори профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз бардошта шуд. Дар коллеҷи тиббӣ кабинети асабшиносӣ ва осорхонаи профессор Раҳматулло Раҳмонзода кушода шуд, ки дар он адабиёти таълимӣ ва дастовардҳои илмӣ ва маълумотномаҳо оид ба иштирок дар симпозиумҳои байналмилалии профессор ҷамъоварӣ карда шудаанд. Кабинети мазкур барои омӯзиши фанҳои таълимӣ бо таҷҳизоти нави замонавӣ таъмин карда шудаанд.

Дар коллеҷи мазкур инчунин китобхонаи дороии 18 ҳазору 773 адад китоб ва синфхонаи электронӣ бо зиёда аз 10 ҳазор адабиёти электронӣ ифтитоҳ карда шуд.

Дар коллеҷи тиббӣ вохӯрӣ бо кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён барпо карда шуд.

Зимни суханронӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз лаҳзаҳои шиносоӣ бо профессор Раҳматулло Раҳмонзода  ёдоварӣ карда, зикр  намуд, ки «болои  мизи кории марҳум  ҳамеша китобҳои зиёди илмӣ буданд ва мо аз он кас  мепурсидем, кай вақти мутолиаи онҳоро дармеёбад?. Он кас посух медоданд, ки баъд аз  кор  вақти муайянро  барои мутолиаи  онҳо ҷудо менамоянд».

«Он кас тамоми умри худро сарфи омӯзиши илм намуданд ва    ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳамчун олими забардасти тибби асабшиносӣ эҳтиром доштанд ва аз ӯ тавсияҳо мегирифтанд», — афзуд Қурбон Ҳакимзода.

Баъдан, Ёрдамчиии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода суханронӣ намуд.

«Мояи ифтихор аст, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру вилоят маркази мазкур кушода шуд. Профессори зиндаёд Раҳматулло Раҳмонзода  пайваста баҳри рушди   илм талош мекард ва то охирин лаҳзаи ҳаёт дар паҳлуи устоди илмии худ буданд», — зикр кард мавсуф.

Дар ин ҳамоиш инчунин аз рушди соҳаи тандурустӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим ёдоварӣ карда шуд.

Дар ин рӯз,  инчунин, дар шафати бинои Маркази “Маърифат” аз тарафи соҳибкори ҳамин деҳа Абдушукур Ширинов бинои дуошёнаи Маркази дӯзандагӣ бо ҷалби 15 нафар чирадастони маҳаллӣ ва дукони фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ сохта шудааст, ифтитоҳ карда шуд.

Бо иштироки раиси вилоят дар ҳудуди ҶСК «Суғдиён»-и шаҳри кӯлоб  сехи истеҳсоли макарон бо иқтидори 3-3,5 тонна дар як шабонарӯз бо ҷалби 9 нафар корманди доимӣ аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.

Март 21, 2021 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии «Мирзоён»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и шаҳри Кӯлобро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд