Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. То 13 марти соли равон дар шаҳри Кӯлоб 528 адад иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ин матлаб зимни баргузории ҷаласаи гурӯҳи корӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баён гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз шахсони масъул даъват кард, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотеро, ки сохтмонашон нотамом аст, мавриди истифода қарор диҳанд.
Ҳамчунин ба раисони ҷамоатҳои деҳот ва ҳар масъулини ташкилоту муассиса, корхона, маҳалла дастур дода шуд, ки барои тозаву озода намудани назди биноҳои истиқоматӣ камари ҳиммат банданд.









Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд






