Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи 89-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 12 март ҷаласаи 89-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар кори он Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои иқтисодии ИДМ Давлаталӣ Саид иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷаласаро Раиси Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Игор Петришенко ифтитоҳ ва раҳбарӣ намуд.
Дар ҷаласа инчунин аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ — муовини якуми Сарвазири Озарбойҷон Ягуб Эюбов, муовини Сарвазири Арманистон Мер Григорян, муовини Сарвазири Федератсияи Россия Алексей Оверчук, Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон Муҳамметгелди Сердаров, муовини Сарвазири Ӯзбекистон, Вазири рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ Ҷамшид Кучкаров, намояндаи ваколатдори Қазоқистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ Ерлан Жанаев, намояндаи ваколатдори Қирғизистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ Айгул Рисқулова, сафири Молдова дар Россия Владимир Головатюк, муовинони Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи ИДМ Илҳом Неъматов ва Денис Трефилов иштирок намуданд.
Пас аз мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар ИДМ ва масъалаҳои COVID-19, муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия Елена Мухтиярова ба ҳозирин дар бораи лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълумот дод.
Иштирокдорони Шӯрои иқтисодӣ 12 ҳуҷҷати дар рӯзнома пешниҳодшударо тасдиқ карданд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ 18 июн дар Москва дар ВДНХ баргузор мешавад.
АКСҲО аз АМИТ “Ховар” ва Хадамоти матбуоти КИ ИДМ









Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд
Оид ба маблағгузории устувор дар Тоҷикистон машварат баргузор гардид
Сокинони деҳаи Фуруғдеҳи ноҳияи Хуросон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир мегардад
Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад






