Форуми минтақавӣ оид ба рушди устувор дар доираи Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо доир шуд

Март 13, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода Форуми минтақавии фосилавӣ оид ба рушди устувор дар доираи Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) тариқи видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода зикр намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо мақсади содагардонии расмиёти савдо, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва таъмини шароити мусоид барои рушди савдои дохилию хориҷӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Вобаста ба чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 А. Абдураҳмонзода таъкид намуд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Нақшаи чорабиниҳо оид ба кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ аз 19 марти соли 2020 тасдиқ гардид. Ҳамзамон зикр шуд, ки ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор тадбирҳои зиддибуҳронии андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар муқоиса ба баъзе кишварҳо самаранок ва натиҷабахш арзёбӣ намуд.

Мақсад аз баргузории форуми мазкур — ин табодули иттилоот дар бораи сиёсати самараноки барқароршавӣ пас аз пандемияи COVID-19 ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор буд, ки дар он аз ҷониби намояндагони кишварҳои минтақа мушкилот ва амалҳои мушаххас баррасӣ  шуданд.

Дар форуми минтақавии фосилавӣ  намояндагони кишварҳои минтақа, ташкилоти байналмилалӣ, ҷомеи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Март 13, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд