Фурудгоҳи Внуково: интизор меравад иртиботи ҳавоӣ бо Тоҷикистон баҳори имсол барқарор шавад
ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Внуковои Москва интизор дорад, ки аллакай моҳҳои апрел-май якчанд хатсайрҳои байналмилалӣ барқарор хоҳанд шуд. Тоҷикистон дар рӯйхати интизорӣ дар қатори кишварҳои нахустин қарор дорад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дирӯз Виталий Вантсев, раҳбари шӯрои директорон, шариксоҳиби фурудгоҳ ба рӯзноманигорон дар ин бора хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол ҳамаи хатсайрҳои байналмилалӣ то моҳҳои август-сентябр ифтитоҳ шаванд. «Аз ин рӯ, дар мавриди барқароршавӣ дар соли равон ҳарф задан дар гумон аст. Аммо нисбат ба соли оянда мо хушбин ҳастем», — гуфт Вантсев.
«Мо интизор дорем, ки ба ҳар ҳол хатсайрҳо ба шарикони мо — кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон моҳҳои апрел-май ифтитоҳ хоҳанд шуд. Вазъи эпидемиологӣ дар он ҷо нисбат ба мо хеле беҳтар аст. Тавре ки шумо медонед, дар кишвари мо низ он ба эътидол меояд, аз ин рӯ умедворем, ки ин ду бозор барои мо боз хоҳанд шуд. Инҳо бозорҳои хеле калон ва ғунҷоишдор мебошанд», — зикр кард Вантсев.
Ба гуфтаи Вантсев, соли 2021 вобаста ба суръати ифтитоҳи масирҳои байналмилалӣ, Внуково метавонад ҳамлу нақли мусофиронро аз 11 то 43%, 14-18 миллион нафар мусофир зиёд кунад. Дар ҷамъбасти соли 2020 фурудгоҳ ба 12,56 млн мусофир хизмат расонид.
«Ҳама чиз ба он вобаста хоҳад буд, ки ҳоло сохтани буҷаи ҳамлу нақли мусофирон аз рӯи маблағи он ғайриимкон аст. Даромади мо ба миқдори парвозҳо вобастагӣ дорад. Ба шумо бигӯям, ки ҳадди ақалл мо ба 14 миллион мусофир умед мебандем. <…> Албатта, рақами хушбинтаре низ мавҷуд аст ва мо умедворем, ки он ба 18 миллион мерасад», — хулоса кард Вантсев.
АКС аз манбаҳои озод








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






