Хушқадам Хусравов маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонӣ ба ёдбуди Анатолий Харлампиев гардид
ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 март бахшида ба ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ дар намуди самбо баргузор гардид. Дар он вазишгари шинохтаи тоҷик Хушқадам Хусравов иштироки фаъолона намуда, маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Анатолий Харлампиев гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи варзиши самбои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқа варзишгари маъруфи тоҷик дар риштаи самбо Хушқадам Хусравов дар вазни 64-кг ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, барои медали тиллои мусобиқа бо намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳомидҷон Муминов рақобат намуд. Варзишгари тоҷик зимни муҳориба аз худ маҳорати баланд нишон дода, бар ҳарифи хеш дастболо шуд ва маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Харлампиев гардид. Ба хотири ғалабаи самбочии тоҷик Хушқадам Хусравов Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта ва Суруди миллии Тоҷикистон бо тантана садо дод.
Хушқадам Хусравов соли 2018 дар чемпионати ҷаҳон, ки дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест баргузор гардида буд, ҳам медали тилло ва ҳам унвони чемпиони ҷаҳон ба даст оварда буд. Ин варзишгари шинохтаи тоҷик дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардид.
Аввалин маротиба варзишгари тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба самборо моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба даст овард.
Дастоварди ӯро моҳи ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия варзишгари 23-солаи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода такрор намуда буд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






