«Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат». Абдуҷаббор Раҳмонзода дар курси бозомӯзии ҲХДТ дар ин мавзӯъ маърӯза кард

Март 1, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода имрӯз зимни оғози курси бозомӯзии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат» маърӯза намуда, аз ҷумла доир ба бунёди иншооти иҷтимоӣ, махсусан  дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби табақаҳои мухталифи ҷомеа ва фаро гирифтани онҳо бо барномаҳои фарҳангӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» иброз дошт, ки «узви фаъоли ҳизб бояд барои боздид аз муассисаҳои таълимӣ, назорати сатҳу сифати таълим дар онҳо ва инчунин ҳаллу фасли мушкилоти ҷамъиятӣ саҳм гузорад».

Тавре пештар иттилоъ додем, имрӯз дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳисбӣ»  курси бозомӯзӣ оғоз  гардид.

Дар идомаи маърӯза Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба омодагии тамоми қишрҳои ҷомеа ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, инчунин саҳми аъзои ҲХДТ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин чорабинии муҳим сухан гуфт.

Дар фарҷоми маърӯза иштирокчиёни курси мазкур ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Март 1, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд