Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷамъбаст шуд

Март 6, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шурӯъ аз 1 март барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ» курси бозомӯзӣ гузаронида шуд, ки 6 март анҷом ёфт.

6 март иштирокчиёни курси мазкур рӯзи навро бо шинонидани дарахтони сояафкан ва ороишӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ оғоз намуданд.

Тибқи барномаи курси мазкур, давоми рӯз натиҷагирӣ, вазифагузорӣ ва супоридани сертификат ба иштирокчиёни курс — раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил гардид.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иштирокчиён ва кулли аъзои ҳизбро даъват намуд, ки ба давлату миллат поквиҷдонаву  садоқатмандона хизмат намуда, муқаддасоту марзу бумро ҳифз кунанд ва барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузоранд. “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби халқӣ буда, доимо дар бари мардум мебошад. Аз ин рӯ, мову шуморо зарур аст, ки ба боварии халқ лоиқ бошем ва ҳамеша дар хизмати халқу миллат камари ҳиммат бандем”,-гуфт мавсуф.

Ҳамзамон ба ҳар иштирокчӣ барои бо муваффақият хатм намудани курси бозомӯзӣ, ки ба баланд бардоштани касбият ва донишу малақа равона гардида буд, сертификат супорида шуд.

Курси мазкур бо тамошои Маҷмааи «Кохи Наврӯз» ҷамъбаст шуд. Зимни боздид аз толорҳои он зикр гардид, ки он бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, аз 5 ошёна иборат мебошад ва қариб 40 ҳазор метри мураббаъи он кори дастии ҳунармандони тоҷик мебошад.

Кохи мазкур ҳамчунин дорои айвончаҳои тобистона, фаввораҳои ранга мебошад, ки ба бино шукӯҳу шаҳомати тоза мебахшанд. 11 толори маҷмаа бо шакли ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, кошинкорӣ аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, чӯбкорӣсангороиш истифода бурда шудаанд.

Март 6, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд