НАҚШИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳои директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизимати давлатӣ Саид Ғоибназарзода ба муносибати 20-солагии таъсиси СҲШ ва раёсати Тоҷикистон дар ин созмон

Март 2, 2021 15:31

ДУШАНБЕ, 02.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 ба таъсис ёфтани Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) 20 сол пур мешавад. Мутобиқи муқаррароти СҲШ, соли 2021 раёсат дар СҲШ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Мутаносибан иҷлосияи ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Кишвари мо омодагиро ҷиҳати пазируфтани раёсат дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 оғоз намуда, ният дорад, ки дар рушди минбаъдаи созмон саҳми арзанда гузорад.

Дар ин бора директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Тоҷикистон Саид ҒОИБНАЗАРЗОДА зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин ибрози назар намуд:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои таъсисдиҳанда ва иштирокчии фаъоли Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад, дар Шӯрои сарони давлатҳо (солҳои 2008 ва 2014) ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ (солҳои 2006, 2010, 2018) раёсатро ба уҳда дошт. Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ва баргузории нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Кумитаи тадорукотӣ таъсис додааст, ки он ҳоло фаъолона кор мекунад.

Дар давраи раёсати худ Тоҷикистон ният дорад, ки барои таъмини амният ва субот, таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои СҲШ кӯшиш ба харҷ диҳад.

Ин матлабро баён дошта, афзуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои ташкилкунандаи ин Созмони бонуфуз талош кардааст, ки мақсаду маром ва тасмимҳои Созмон мутобиқ ба манфиатҳои миллии кишвар бо инобати эҳтироми мутақобилаи кишварҳои аъзо бошад. Узвияти Тоҷикистон дар ин Созмон ба кишварамон имкон медиҳад, ки имконияти иқтисодӣ, транзитӣ ва энергетикии хешро самараноктар ба кишварҳои минтақа муаррифӣ намояд ва аз ҳамкории судманд баҳраманд гардад.

Имрӯзҳо мо шоҳиди равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳастем, ҳарчанд ки ин равандро пандемияи коронавирус то андозае суст кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли хеш ҳамеша кӯшиш мекунад, ки роҳҳои нави ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ ва муносибатҳои минтақавию байналмилалиро пайгирӣ кунад, то рушду пешрафти кишварро таъмин намояд. Барои таъмини сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум Тоҷикистон тадбирҳои зиёде андешидааст, ки самараи онро имрӯзҳо мардуми кишвар дарк карда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст,-мегӯяд Саид Ғоибназарзода.

Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушод» ҳамчун ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистон кишвари азизамон тавонистааст бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкории судмандро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монад. «Рушду тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад», – таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ин рӯ, кишвари мо робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки бо онҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкории судманд дорад, идома дода истодааст».-изҳори назар намуд ҳамсуҳбати мо.

Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) созмони байналмилалӣ буда, дар таъсис ёфтани он, пеш аз ҳама, фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россия ва дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, замина гузоштааст.

15 июни соли 2001 дар Шанхай вохӯрии Сарони давлатҳо доир гардид, ки дар он изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул шуда, Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид.

Моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Тартиби додани мақоми давлати аъзо тасдиқ гардид, ки имконияти ҳамроҳшавии дигар кишварҳоро ба Созмон фароҳам овард. Дар асоси ин ҳуҷҷат  моҳи июни соли 2017 дар ш.Остона зимни ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ мавзӯи ба узвияти Созмон пазируфта шудани Ҳиндустон ва Покистон баррасӣ гардид.

Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (СМЗТ) СҲШ мақомот (сохторҳо)-и доимоамалкунандаи Созмон буда, аз моҳи январи соли 2004 фаъолияти худро шурӯъ намудаанд. Котиботи СҲШ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Кумитаи иҷроияи СМЗТ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доранд.

Айни замон Созмон аз ҳашт давлати аъзо (Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон), чаҳор давлати нозир (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон) ва шаш давлати шарикони мусоҳибавӣ (Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка) иборат мебошад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва чинӣ ба ҳисоб мераванд.

СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии кураи Заминро ташкил медиҳад.

Ҳадафҳои асосии СҲШ инҳоянд: таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои аъзо; мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист ва ғайра; таъмини якҷоя ва таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа; пешравӣ дар ташкили тартиботи демократӣ, одилона ва оқилонаи байналмилалӣ дар соҳаи сиёсӣ ва иқтисодӣ.

Аъзои комилҳуқуқ ва фаъоли ин Созмон будан дар баробари уҳдадориҳо инчунин имконияти васеъро барои истифодаи иқтидори кишвар фароҳам меоварад. Бояд ёдовар шуд, ки бархе аз кишварҳои аъзои СҲШ ҳамзамон шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Се кишвари аъзои СҲШ ҳамзамон аъзои кишварҳои G20 низ ҳастанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин инчунин дуюмин бузургтарин қутби иқтисодиёти ҷаҳон ба шумор меравад ва ин потенсиали бузург барои кишварҳои СҲШ аст.

Дар гузашта ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар доираи созмонҳои мухталиф ва ҳамзамон дар доираи муносибатҳои дуҷониба, татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии кишвар, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат намудааст. Солҳои охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Тоҷикистон ҷонибдори навсозии платформаи иқтисодии СҲШ, татбиқи лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», таъсиси хатсайрҳои нақлиётӣ – логистикии пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ ба воситаи Чин ва Россия бо бозорҳои ҷанубу шарқии Осиё ва давлатҳои Аврупо, бунёди институтҳои молиявии – Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ва таъсиси Маркази зидди мухаддиротии СҲШ мебошад.

10 ноябри соли 2020 дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои СҲШ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, зикр доштанд, ки Тоҷикистон соли 2021 Раёсатро дар СҲШ ба уҳда мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази доимамалкунандаи зиддимухаддиротии СҲШ ва Фонди байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо дар доираи рӯзномаи байналмилалии об бори дигар таъкид намуда, дар хусуси дастгирии онҳо аз ҷониби шарикони Тоҷикистон даъват намуданд.

Маълум аст, ки ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ки аз ҷониби роҳбарияти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тсзинпин муаррифӣ шудааст, ташаббуси дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошад. Он барои беҳтар намудан ва таъсис додани имконияти навин барои интенсификатсияи муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард. Ташаббусу тадбирҳои кишварҳои аъзо, бахусус стратегияҳои рушди кишварҳо ба ин иқдоми «Як камарбанд, як роҳ» маъмулан ҳамрадиф мебошанд.

Тавре қаблан таъкид намудем, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвари мо- ин раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Бо ҳидояти Роҳбарияти олии кишвар ва табдирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мо шоҳид ҳастем, ки лоиҳаҳои мухталиф дар кишварамон амалӣ шуда истодаанд. Роҳҳои нави мошингард, роҳҳои оҳан, нақбҳо, пулҳо ва инфрасохтори коммуникатсионӣ, ки ба шарофати ҳамкории судманду муносибати шарикона миёни ду кишвар ва дастгирии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба истифода дода шудаанд, қадаме баҳри расидан ба ҳадафи стратегии болозикри кишварамон маҳсуб мешавад.

Чунин лоиҳаҳои муҳим дар ҳамкорӣ бо дигар институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ва кишварҳои шарикони рушд амалӣ карда мешаванд.

Масирҳои асосии иқтисодӣ ва коммуникатсионии камарбанди Роҳи абрешим аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Осиёи Марказӣ, Россия то Аврупо ва баҳри Балтика, инчунин тавассути Осиёи Марказӣ ба Халиҷи Форсу Ховари Миёна пешбинӣ шудаанд. Бо инобати мавқеи ҷуғрофии худ Тоҷикистон имконияти хешро дар ин самт фаъолона пайгирӣ менамояд.

Амалисозии ин ташаббус дар умум ба рушди иқтисодиёт таваҷҷуҳ менамояд, ҳамзамон он ба ҳамкорӣ, шаффофият ва манфиатҳои мутақобилан судманду эҳтироми ҳуқуқҳои байналмилалӣ такя мекунад.

То моҳи октябри соли 2019 137 кишвар ва 30 ташкилоти байналмилалӣ 197 ҳуҷҷати ҳамкорӣ дар доираи ин ташаббус ба имзо расонидаанд. Амалисозии лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» аллакай ҳаҷми тиҷорати ҶМЧ-ро бо кишварҳои алоқаманди ин ташаббус ба 6 триллион доллари америкоӣ расонидааст.

Сармоягузории ширкатҳои чинӣ дар атрофи ин ташаббус аллакай бештар аз 100 миллиард доллари америкоиро ташкил дода, сармоягузории кишварҳои дар ин масир қарордошта ба 48 миллиард доллар расидааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст.

Вале нишондиҳандаҳои соҳа ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои қабулгардида ҳанӯз нокифоя буда, корҳо дар самти баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ қонеъкунанда нестанд.

Ин гуфтаҳои роҳбарияти олӣ бори дигар собит месозанд, ки иқтидори мамлакат зиёд ва имконияти рушди иқтисодӣ васеъ аст ва барои беҳтар намудани некӯаҳволии мардум шароит ва имконот ҳаст.

Ҳамин тавр, иштироки фаъоли Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, пайгирии манфиатҳои кишвар дар доираи он ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои аъзо имкон медиҳад, ки ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ самаранок амалӣ карда шаванд ва рушди иқтисодӣ ва ояндаи дурахшон барои мардуми ватанамон таъмин гардад.

Март 2, 2021 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон бо ЮНЕСКО масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ намуд
Дар Тошканд вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Дар Душанбе татбиқи барномаҳои башардӯстона баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб зарурати тавсеаи робитаҳои фарҳангиро таъкид намуданд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Ташкили даврҳои омӯзишӣ барои дипломатҳои ҷавони тоҷик дар Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон доир шуд
Дар Риёз машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзуи обу иқлим баланд арзёбӣ гардиданд