ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 13-14 март дар Тоҷикистон бориши бошиддат дар назар аст

Март 12, 2021 09:15

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 март бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарду намнок дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Суғд ба амал омадани бориши бошиддат дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

13-14 март дар ноҳияҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон бориши пуршиддат пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ 14 март борон ба барф мубаддал мегардад. Ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шамол аз самти ғарб бо шиддати то 17-22 ва дар баъзе ҳолатҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. 14 март дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳи ҷумҳурӣ ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 12-15 дараҷа паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман  мефарояд.

Дар ағбаҳо пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст. 14 март бо сабаби якбора паст шудани ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳи ҷумуҳурӣ эҳтимоли зиён дидан ва қисман нобудшавии зироати кишоварзӣ, гулҳои ороишӣ, муғҷа  ва гулҳои дарахтони мевадиҳанда пешгӯӣ шуда, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои зимистона мушкилӣ пеш меорад.

Инчунин аз 12 то 15 март дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тарма ва дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳи вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаромадани сел дар назар аст.

Дар ин рӯзҳо дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Обихингоб, Қизилсӯ, Ёхсӯ баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки  бехатарии шахсиро риоя намуда, дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба назди дарёҳо, соҳили рӯд ва сайри кӯҳу дара худдорӣ намоянд.

Март 12, 2021 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид