ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 28-29 март дар Тоҷикистон боронҳои пуршиддат дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 март дар ҷумҳурӣ боридани боронҳои пуршиддат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.
29 март пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа дар назар дошта шудааст. Аз 27 март то 1 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.
27-29 март дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






