Раҳмоналӣ Шералиев: Матбуот сипари боэътимод ва воситаи асосии таъсиррасон ба афкори омма мебошад

Март 11, 2021 16:07

ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд». Ҳамчунин рӯзномаи мазкур барои вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шӯълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт. Вале, ин рӯзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард ва баъди нашри шумораи 153-юм- 2 январи соли 1913 баста шуд. «Бухорои Шариф» чун нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо фаъолияти кӯтоҳ, вале пурсамараш таъсиру такони бузурге ба сиёсату иҷтимоиёти замон ва афкору ҷаҳонбинии мардум бахшид. Ҳамчунин он сарчашмаи огаҳию маърифат ва муаррифии миллат буда, дар ҳаёту зиндагӣ ва тақдири халқу кишварҳо нақши муҳим мебозад. Бахшида ба 109-солагии матбуоти тоҷик хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев суҳбат доир намуд.

АМИТ «Ховар»: Рӯзномаву маҷаллаҳоро яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа меноманд. Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фароҳанг фаъолияташро дар асоси кадом қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст?

Раҳмоналӣ Шералиев:  Имсол мо Рӯзи матбуоти тоҷикро дар фазои хосса ва марҳалаи муҳими таърихӣ, яъне дар соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷашн мегирем. 30 сол муқаддам халқи Тоҷикистон аз бунёд ниҳодани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҷомеаи ҷаҳон башорат дод.

Бешак, дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад.

Айни замон дар мамлакати мо барои рушди воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст ва такмили онҳо мунтазам идома меёбад. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма асосан тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳамтии ҳуҷҷатҳо», «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешаванд. (Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон). Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори оммаро кафолат медиҳад.

Заминаи мусоиди ҳуқуқӣ дар шароити истиқлоли давлатӣ омили муҳиме гардид, ки низоми матбуоти тоҷик аз ҷиҳати шакл, муҳтаво, таъйинот ва теъдоди рӯзномаву маҷаллаҳо низ дигаргун шуда, ба таври назаррас рушд мёбад.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар мамлакат чанд рӯзнома, ҳафтанома, моҳнома, солнома  ва маҷалла нашр мегарданд?

Раҳмоналӣ Шералиев: Тибқи Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 «Дар бораи тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ»  то якуми январи соли 2021 дар Вазорати фарҳанг 376 рӯзнома, аз инҳо 112 адад давлатӣ ва 264 адад хусусию ҷамъиятӣ, 245 маҷалла, аз инҳо 114-то давлатӣ ва 131-то хусусию ҷамъиятӣ, 319 матбаа, аз инҳо 37 адад давлатӣ, 282 адад хусусию ҷамъиятӣ, 71 нашриёт, аз ин 10-то давлатӣ ва 61-то хусусию ҷамъиятӣ, 11 агентии  иттиллоотӣ,  аз ин  1 адад давлатӣ  ва  10 адад хусусию ҷамъиятӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд. Ин рақамҳо мутаносибан 26,8 фоиз — муассисаҳои давлатӣ ва 73,2 фоиз муассисаҳои хусусию ҷамъиятиро ташкил дода, аз сатҳи болои озодии баён ва рушди мунтазами соҳа дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳанд.

АМИТ «Ховар»: Аз шумораи ҳафтаномаҳо  чӣ миқдораш ҷамъиятиву хусусиянд?

Раҳмоналӣ Шералиев: Истиқлоли давлатӣ дар мамлакати мо барои рушди соҳа имконот ва шароити мусоид фароҳам сохт. Барои муқоиса, агар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 191 адад рӯзномаву маҷалла интишор мегардид, имрӯз 621 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 395-тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Солҳои аввали истиқлол дар кишвар танҳо 1 агентии иттилоотӣ фаъолият мекард, имрӯз теъдоди онҳо ба 11 адад расидааст, ки аз ин шумора 10 агентӣ  ҷамъиятиву хусусӣ мебошанд.

Имрӯз дар мамлакат барои чопи босифати рӯзнома, маҷалла ва ҳафтаномаҳо нашриёти имрӯза пурра ба талабот ҷовобгӯ мебошанд. Агар ба муассиси нашрия барои чопи сифати аъло дархост намоянд, он аз ҷониби нашриёт иҷро мегардад.

Барои дастрасӣ пайдо намудани аҳолии мамлакат ба рӯзномаву ҳафтаномаҳо Хадамоти почтаи тоҷик хизмат мекунад. Инчунин барои дастрасӣ пайдо намудан ба ҳафтаномаҳо хонандагон метавонанд ба онҳо обуна гарданд.

АМИТ «Ховар»:  Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд Нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосири имрӯза  чӣ гуна аст?

Раҳмоналӣ Шералиев: Асри ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлуҳои мусбати худ дар соҳаи иттилоърасонӣ хавфу таҳдидҳои амниятиро дар фазои иттилоотии кишварҳо ба вуҷуд овард. Таҳоҷуми фарҳангӣ, таблиғи афкори барои ҷомеаи мо бегона, талқини экстремизм ва ифротгароӣ дар зеҳни ҷавонон ва ба ин васила ворид намудани зарбаҳои муҳлик ба амният ва рушди босуботи ҷомеаҳои солим аз хавфу таҳдидҳои замони нав маҳсуб мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро ҳамчун сипари давлат арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки «манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».

Дар ҳақиқат, имрӯз таъмини амнияти иттилоотӣ аз масъалаи ҷиддие маҳсуб мешавад, ки нақши расонаҳо дар он хеле муҳим аст. Манфиатҳои миллии мо тақозо менамояд, ки кормандони воситаҳои ахбори омма барои муқовимат намудан ба ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифоъ намудани ҷомеа аз ин таҳдидҳо бояд дар сафи аввали мубориза бошанд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар дили мардум ва ба ин васила дастгирии рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии мардуми Тоҷикистон аз вазифаҳои дигарест, ки воситаҳои ахбори омма дар асри ҷаҳонишавӣ бар дӯш доранд.

Мо боварии комил дорем, ки воситаҳои ахбори омма дар оянда низ баҳри амалӣ гаштани сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми сазовори хешро  мегузоранд ва дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз худ иқдомот ва ибтикороти боз ҳам бештар нишон медиҳанд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Март 11, 2021 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Суратгузориш аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
«МАСЪАЛАҲОИ ФАРҲАНГИ МУОСИРИ БАДЕИИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон ба бузургдошти хотираи санъатшиноси тоҷик Саъдулло Раҳимов ҳамоиш доир шуд
Экспедитсияи бостоншиносӣ-геологӣ доир ба омӯзиши бошишгоҳҳои асри санги ноҳияи Ховалинг шуруъ гардид
Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Озарбойҷон доир шуд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо шаҳомати хосса баргузор гардид
Дар Озарбойҷон Рӯзҳои синамои Тоҷикистон доир гардид
ҶОЙГОҲИ ХОССАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Сиёсати давлатии ҷавонон дар замони истиқлоли давлатӣ густариши бештар ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи истифодаи технологияҳои муосир баррасӣ гардид
Дар Боку густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифт
Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва санъати тасвирию ороишии Тоҷикистон дар Озарбойҷон баргузор гардид
«ҶАВОНОН- ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе таҳти чунин унвон роҳпаймоии осоишта доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Португалия дар ҳамоиш оид ба мудирият ва устуворӣ дар фаъолияти кайҳон иштирок намуд