«Китоб барои дӯст». Мактаббачагони вилояти Свердловск ба ҳамсолони тоҷикистониашон китоб тақдим мекунанд

Март 26, 2021 13:05

ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Бахши минтақавии свердловии Ҷунбиши мактаббачагони Россия (RDS) дар доираи лоиҳаи русӣ-тоҷикии «Китоб барои дӯст» аз ҷониби мактаббачагони шаҳрҳои минтақаи Урали Миёна барои ҳамсолони худ дар Тоҷикистон зиёда аз даҳ ҳазор китобҳо бо забони русӣ аз китобхонаҳои хусусӣ ҷамъоварӣ карда шуданд. Дар ин амал аз 42 шаҳри минтақаи номбурда кӯдакон иштирок намуданд. Ба ҳар китоб мактуб-паём  барои хонандаи хурдсоли тоҷик бо нақли кӯтоҳе дар бораи зодгоҳи ҳадякунанда замима гардидааст.  Бачаҳои уралӣ итминон доранд, ки ин қадам ба онҳо имкон медиҳад, то дар Тоҷикистон дӯстони зиёде пайдо кунанд.

Тавре Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург  Зафар Сайидзода иброз дошт, «ин лоиҳа  ба сӯйи оянда нигаронида шуда, дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз сурат гирифтанаш фоли нек аст. Ин иқдоми хеле самимист. Кӯдакон дар ин маврид ҳамчун дипломатҳои хурдсол  баромад намуданд ва ин кори наҷибона пайомади хубе хоҳад дошт».

Ба гуфти фаъолони RDS, нияти ҷамъоварии китобҳои ҳадявӣ баъди дар Тоҷикистон татбиқ шудани лоиҳаи башардӯстонаи таълимӣ  оид ба забони русӣ бо иштироки омӯзгорони россиягӣ пайдо шуд. Ин иқдом дар вилояти Свердловск аз 1 марти соли равон  оғоз ёфта, тайи  як моҳ идома меёбад.

Ташкилоти умумироссиягии ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонони  Ҷунбиши умумироссиягии мактаббачагон  бо фармони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин соли 2015 таъсис дода шудааст.  Ҳадафи он мусоидат ба ташаккули ҷаҳонбинии насли ҷавон бар асоси низоми арзишҳои хосси ҷомеаи муосири Россия мебошад.  Дар айни замон RDS дар сафҳои худ беш аз 500 000 кӯдакон ва 19 000 муассисаҳои таълимии 85 субъекти Федератсияи Россияро муттаҳид мекунад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 26, 2021 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд