Шариф Назарзода донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба ватандӯстӣ ва донишомӯзӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳама самтҳо нисбатан фаъол буда, бо ақлу заковат ва донишу маърифати худ фарқкунанда мебошанд. Ҷиҳати гум накардани ин дастоварди таълимӣ ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи донишгоҳ ва миллату давлати худ донишҷӯён, ки вазифаи асосии онҳо аз худ намудани илму дониш аст, бояд талоши пайваста дошта бошанд.
Ин нуктаро сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода зимни мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дотсент Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз дошт, ки донишҷӯёни ин боргоҳи таълимӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат талош намуда, ҷиҳати сайқал додани донишу маърифат ва ақлу заковат пайваста пайи донишомӯзиянд. Донишҷӯён ҳамеша дар чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат фаъолона ширкат варзида, бо мақомоти корҳои дохилӣ низ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ҳамкории зич ба роҳ мондаанд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода иброз дошт, ки «ҷавонони соҳибилму заковатманди даврони истиқлол чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат саф ба сафу ҷон ба каф баҳри пешравию шукуфоӣ ва сулҳу амонии Тоҷикистон бо неруи созанда ва иродаи қавӣ пайваста талош меварзанд. Аз гуфтору кирдор ва нигоҳи самимонаи донишҷӯён аён аст, ки бо завқу шавқи беандоза ва меҳру самимияти бепоён баҳри ҳифзи ин марзу буми аҷдодӣ талош варзида, бо ахлоқу дониш ва ақлу заковати худ дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд».
Шариф Назарзода зимни шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти мамлакат яке аз нуктаҳои муҳими суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос оварданд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».
Дар хотимаи мулоқот ба донишҷӯёни фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.








Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид






