Ситоди ҷумҳуриявӣ барои баргузор намудани тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то сад нафар бо риоя намудани чораҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ иҷозат дод
ДУШАНБЕ, 27.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти дар қаламрави кишвар беҳтар гардидани вазъи санитарию эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавирус, ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID – 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 27 март қарор қабул намуд, ки дар асоси он баргузор намудани тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то сад нафар бо риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ иҷозат дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мутобиқи қарори мазкур, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо муваззаф гардиданд, ки сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликият, инчунин, шахсони воқеӣ барои риоя намудани муқаррароти қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






